Мусоҳиба бо декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзозода Парвон Зайналобудин
– Агар аз лиҳози ҳуқуқӣ моҳияти ин ҳуҷҷати муҳимро арзёбӣ намоем, пеш аз ҳама, кадом омилҳо бояд мадди назар бошанд?
– Хотирнишон бояд сохт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъёри конститутсионӣ заминаи қонунӣ дорад ва аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ироаи Паёми Президенти кишвар ин албатта, як рӯйдоди муҳим дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар он ҷанбаҳои гуногун, ба вижа, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.
Тавре аз муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бармеояд, барои дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намудани салоҳияту ваколати Президент санадҳои зиёд таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтаанд. Барои мисол, фармон, амр, санадҳои меъёрӣ ва ғайримеъёрии зиёди марбут ба салоҳияти Президент мавҷуданд, ки хусусияти ҳуқуқтатбиқнамоӣ доранд.
Миёни онҳо ҷойгоҳи яке аз санадҳои муҳим, асосӣ ва тақдирсоз – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» хоса аст, зеро меҳвару ҷавҳари он таҳлили амиқ, муқоисаи асоснок, хулосаи воқеӣ, масъалагузориҳои бениҳоят муҳим, тасмимгирии саривақтӣ ба ҳисоб рафта, дар ин раванд ягон соҳа аз мадди назар дур намемонад. Моҳиятан Паём ҳуҷҷати тақдирсоз, мужда аз фардои боз ҳама дурахшонтар ва дастурест барои зиндагии пурсаодату осоишта.
Ҷанбаи дигаре, ки бояд мадди назар бошад, самараи ислоҳоти конститутсионии соли 1999 ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 69 ва 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Тибқи муқаррароти сархати якуми моддаи 69 ва қисми сеюми моддаи 55-и Конститутсияи мамлакат, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат ироа мегардад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки иқдоми мазкур бори нахуст 27-уми апрели соли 2000 амалӣ гардида буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нахустин ва минбаъд тамоми паёмҳояшон ба арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсон, зарурату моҳияти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, мақомоти дахлдори давлатиро вазифадор карданд, ки дар ин самт бетаъхир тадбирҳои судманд андешанд.
Маҳз таклифу пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардиданд, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ҳуқуқэҷодкунанда санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳо, таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ мегарданд. Илова бар ин, ба қонунгузории амалкунандаи кишвар тағйиру иловаҳо ворид шуда, ба шарофати ин иқдом заминаи ҳуқуқӣ мукаммалтар мегардад.
– Аз ин лиҳоз, метавон хулоса намуд, ки яке аз рукнҳои амалии давлат Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат мебошад?
– Бале. Дар робита ба ин иқтибос овардани суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бамаврид медонам, ки фармудаанд: «Давлату давлатдорӣ як мафҳуми назариявӣ набуда, он маҳз бо мавҷудияти рукнҳои амалии давлат маъно пайдо мекунад».
Қобили зикр аст, ки истиқлоли давлатӣ танҳо бо қабули Эъломияи соҳибихтиёрӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба анҷом намерасад. Зарур аст, барои шаклгирии истиқлоли давлатӣ корҳои муҳими ташкилӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқию фарҳангиеро ба анҷом расонид, ки онҳо таҳкимбахши иттиҳоди устувори сиёсӣ ва истиқлолияти он бошанд.
Муҳимтар аз ҳама, ироа гардидани Паёми Роҳбари давлат ба парлумони кишвар хоси давлатҳои мустақилест, ки моҳият ва самтҳои сиёсатгузории худро худашон мустақилона муайян мекунанд.
Ин ҷанбаи хеле муҳим маҳсуб шуда, далели раднопазири давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани кишвари мо ва шаҳодати ҷомаи амал пӯшидани ормонҳои таърихии гузаштагонамон дар бораи соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Бо иштироки намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа баргузор гардидани маросими ироаи Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат аз лиҳози сиёсӣ бениҳоят муҳим буда ,ба он шукӯҳу шаҳомати хоса бахшидааст.
– Муҳимияти Паём ва мазмуну муҳтавои бениҳоят баланди он дар чӣ зоҳир мегардад?
– Ин ҳуҷҷати муҳим аз дарки амиқи набзи ҷомеа, самимияти беандоза ба мардум, азми қавӣ, нияти нек, масъалагузории саривақтӣ, таҳлил, ояндабинӣ, роҳнамоӣ, ошкори камбудиҳо, муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маншаъ гирифтааст. Самимияту садоқат, ихлосу муҳаббат, эътимоду рафоқат дар ҳар як ҳарфи ин ҳуҷҷати муҳим ҳувайдо буда, ҳар нуктаи он рамзу ҳикмати хос дорад.
Вобаста ба ин Президенти мамлакат, аз ҷумла таъкид намуданд: «Моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро панд медиҳад, ки давлатдорӣ дар ҷаҳони муосир кори саҳлу сода нест. Суханони Роҳбари мамлакат – «нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем», -шаҳодати ин гуфта аст.
Таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати аз даст надодани зиракии сиёсӣ аз ҷузъҳои муҳими ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз аст.
Масъалаи мазкурро шарҳу тавзеҳ дода, Президенти мамлакат чунин гуфтанд: “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доимо дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем”.
Бо дарназардошти мазмуну муҳтаво Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ таҳрикбахши олимон баҳри кашфиёту ихтироъ ва манбаи илҳоми шоирон маҳсуб мешавад. Муҳимтар аз ҳама, Паём муайянкунандаи фардои дурахшони кишвар буда, ҳаёти ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шарофати он пурсаодаттару музайян мегардад. Бо дарназардошти ин гуфтаҳо Паём барои тамоми мардуми шарафманди тоҷик, сарфи назар аз мансубият ба ин ё он қишри ҷомеа, сармашқи кор ва дастури роҳнамост.
– Метавонем гӯем, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат оинаест, ки метавонем пешравию дастовардҳои мамлакатро дар он мушоҳида ва онҳоро ба нишондиҳандаҳои пешин муқоиса намоем?
– Албатта, зеро танҳо дар заминаи муқоиса мо муътақид мешавем, ки то кадом ҳад нақши Паём ҳадафрас ва муассир аст. Барои мисол, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар, ки яке аз нишондиҳандаи асосии муайянкунандаи рушд мебошад, нисбат ба соли гузашта 8,4 фоиз зиёд гардида, ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расид. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст, ки дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид.
Дар ҳоле ки кишварҳои дигар бо мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ мувоҷеҳанд, нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Азми қавӣ ва иродаи хастагинопазири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки ба дастовардҳои ноилгардида иктифо накарда, ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, то иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Илова бар ин, соли ҷорӣ тибқи дастури Роҳбари давлат доир ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ҳамчунин, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат мадди назар хоҳад буд.
– Бо ибтикори Пешвои миллат буҷети давлатии мамлакат моҳияти иҷтимоӣ касб кардааст, ки ин омил на дар ҳама давлатҳо ба мушоҳида мерасад…
– Бо шумо ҳамфикрам. Ҳамон тавре ки дар Паём зикр шуд: «Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад». Далел: Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки дастовардҳои ноилгардида ба ҳеҷ ваҷҳ анҷоми кор набуда, минбаъд низ барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2025-ум 30 фоиз зиёд шудани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф, мутаносибан 20 фоиз афзудани музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот, инчунин, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо шаҳодати ин гуфта аст.
– Омили дигари руҳбаландкунанда, ки мардум зимни ироаи Паём огоҳ шуданд, муттасил будани талошҳои пайгирона ҷиҳати дастёбӣ ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад…
– Комилан дуруст. Дар ин зимн мардуми кишвар иттилоъ гирифтанд, ки таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд. Маълум гардид, ки ду агрегати НБО «Норак» ва се агрегати НБО «Қайроққум» пурра навсозӣ шуда, соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар НБО «Қайроққум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад. Инчунин, як агрегати дигар дар НБО «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони НБО «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад. Дар маҷмуъ, иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд.
Муҳим он аст, ки бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. Тавре зикр шуд, то имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони НБО «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд. Бо истинод ба ин далелҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мужда доданд, ки: «аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».
– Ба назари шумо киҳо бояд пешоҳанги татбиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд?
– Дар ин кор бояд тамоми қишрҳои ҷомеа саҳмгузор бошанд, зеро ягон соҳа ё масъала дар ин ҳуҷҷати муҳим сарфи назар нашудааст. Аз ҷониби дигар, маҳз татбиқи саривақтии нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин гардида, рӯзгори мардум боз ҳам беҳбудӣ ёбад. Агар ба саволи пешниҳодшуда мушаххас посух диҳем, пас зикр кардан бамаврид аст, ки дар татбиқи ҳадафҳои Паём пешоҳанг мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар ба ҳисоб меравад, зеро ин ҳуҷҷати муҳим маҳз ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад.
Дар робита ба ин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барҳақ зикр намуданд: «Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар пешоҳанги татбиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мебояд ҷиҳати таҳкиму устувории пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар ва барои амалисозии вазифаҳои нави муайяннамудаи Роҳбари давлат вобаста ба рушду тараққиёти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварад».
Илова бар ин муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид карданд, ки «Ҳар як узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёмро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва роҳнамои кору сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар иҷрои босамари дастуру нишондодҳои дар он зикргардида саҳмгузор бошанд».
– Доир ба нуктаҳои марбут ба сиёсати хориҷии Паём чӣ назар доред?
– Шумо яке аз масъалаҳои муҳим ва заруриро ба миён гузоштед. Дар раванди ибрози андешаҳои марбут ба ин ҳуҷҷати муҳим бояд моҳияти байналмилалии Паём низ мадди назар бошад. Таъкид менамоям, ки нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муайяннамоӣ ва расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул дар сиёсати хориҷии мамлакат меҳвар ва муассир аст.
Муҳиму беназир он аст, ки тавсеа ва тақвияти сиёсати хориҷии кишвари мо ба тахайюли коршиносону ба истилоҳ назарияпардозон рабте надошта, маҳсули фаъолияти пурмаҳсул, иродаи қавӣ ва руҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.
Ироаи Паём ҷузъе аз ин раванд ба ҳисоб рафта, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, масири барои кишвар афзалиятдошта, мавқеъгирӣ дар робита ба ҷараёнҳои геополитикӣ, дастовардҳои ноилгардида ва тасмиму нақшаҳо дар заминаи таҳлили амиқу доманадор ва истинод ба далелу рақамҳои асоснок муайян мегарданд.
Дар Паёме, ки 28 декабри соли гузашта ироа шуд, ҳамрадиф бо дигар масоил ҳимояи ҳуқуқ ва шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар меҳвар буд. Суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошанд» бори дигар доимӣ будани ғамхорӣ ва хоса будани таваҷҷуҳ ба ҳамватанонро, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, собит намуд. Вобаста ба сиёсати хориҷии мамлакат, ҳамчунин, зикр шуд, ки «Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Гузашта аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад».
Бо дарназардошти ин омилҳо, таъкид гардид, ки моро мебояд зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем.
– Дар ҷаҳони муосир иштироки фаъоли кишварҳо дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар бениҳоят муҳим мебошад…
– Ин масъала самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст. Дар Паёми мавриди назари мо таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавияти сиёсати хориҷии худ медонад.
Оид ба дурнамои равобит бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад. Вусъат бахшидани робитаҳо бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳо идомаи мантиқии ин раванд буда, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ ҷаҳду талош тамоюли афзоишро касб хоҳад кард.
Дар маҷмуъ, ҳамон тавре аз муҳтавои Паём бармеояд, минбаъд низ барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкориҳои созандаву дарозмуддат бо кулли кишварҳои олам ва шарикони байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Табиист, ки дар доираи як мусоҳиба фарогирию таҳлили ин ҳуҷҷати муҳим аз имкон берун аст. Боварии комил дорам, ки масъулин барои дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ кардани чорабиниҳои марбут ба он бетаъхир тадбирандешӣ хоҳанд кард. Дар он сурат дастовардҳоямон афзун ва сатҳи зиндагиамон боз ҳам беҳбуд хоҳад ёфт.
– Барои суҳбати муҳим ташаккур.
– Саломат бошед!
Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», номзади илмҳои сиёсӣ
