Имрӯз (13.03.2026) бо ташаббуси шуъбаи ҳуқуқ ва Маркази омӯзиши масоили муқовимат ба ҷинояткории фаромиллии факултети ҳуқуқшиносӣ дар доираи амалисозии Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Мушкилоти муосири муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин омӯзгорону кормандони донишгоҳ ширкат варзиданд. Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои мубрам ва муосири муқовимат ба ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, терроризму экстремизм, савдои одамон ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки мубрамияти масъалаи муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ҷинояткорӣ ба амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва рушди устувори кишвар таҳдиди ҷиддӣ мерасонад. Бо афзоиши шаклҳои мураккаби ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои иқтисодӣ, коррупсия, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои ҷиноят, зарурати таҳкими қонуният, такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ беш аз пеш эҳсос мегардад.
Дар фароварди конференсия доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор ва музокирот сурат гирифта, ҷиҳати истифодаи усулҳои муосири муқовимат ба ҷинояткорӣ ва такмили қонунгузории миллӣ пешниҳодҳои судманд ироа гардид.



