Имрӯз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод мегардад.
Рушду инкишофи устувори минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ, густариши ҳаёти фарҳангию ҳуқуқӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон, таълим ва тарбияи толибилмону донишҷуён, тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳукуқ, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати оштинопазир бо терроризму экстремизм, тақвияти нерӯи инсонӣ, таъмини амният ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат аз мавзӯҳои асосии Паёми имсола ба ҳисоб мерафтанд.
Дар партави дастгириҳо ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф таъкид карда шуд, ки шурӯъ аз 01 сентябри соли 2015 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва илм 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки омӯзиши нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимон бо иштироки кулли устодону кормандони факултет санаи 26 январи соли равон ба роҳ монад.