Садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ иттилоъ медиҳад, ки фаъолияти Шӯрои муштараки диссертатсионии 737.004.08 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Россия- Тоҷикистон ДМ дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ беш аз пеш тақвият ёфта истодааст.
Хурсандибахш аст, ки баъд аз баррасӣ ва муҳокимаи рисолаи номзадии ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ Қосимов Фаррух Абдулмуминович, рӯзи ҳимояи рисолаи номзадиаш санаи 07-апрели соли 2015 муайян карда шуд. Ҳимоя рӯзи 07.04.2015, соати 14.00 дар толори Шӯрои муштараки диссертатсионӣ, воқеъ дар ошёнаи дуюми бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҳайати омӯзгорону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба устоди ҷавон Қосимов Ф.А. дар самти дифои рисолаи номзадӣ муваффақият ва бурдбориҳоро орзуманданд.
Қосимов Фаррух Абдулмуминович