Бо қудрату қувваю хирадмандиҳо,
Бо ғайрати бемислу зафармандиҳо,
Кори ту ба пешрафти ҷомеаи мо,
Донишкадаест, худ надорад ҳамто!
Ў кошта умед барои диламон,
Ў дошта умед зи навшогирдон.
Дар равнақи ақлу хиради донишҷӯ,
Саъйаш ба амал намуда моро ҳайрон.
Парво накунад зи туҳмату таҳдидҳо,
Нотарсида зи ин ҳама мушкилҳо.
Панди ту кунун барои ҳар пиру ҷавон,
Конуни ҳаёт гашту ҳам роҳнамо.
Дар номи ту ҳам ҳашмату ҳам икром аст,
Ҳам вирди забони хосаву ҳам ом аст.
Пири ҳамагону мутафаккиртарин,
Устод бигӯем, туро ин ном аст.
Оварда зи Хонаи Худо нуру зиё,
Дар пешравии дониши бахторо,
Бо меҳру ҳавас Дониёри шогирд,
Аҳсан гӯему шод зӣ, Устодо!
Дониёрҷон Сангинӣ