Интихобот

Интихобот, инкишофу пешрафти кишвар аст,

Роҳи неки бурдборӣ, чун фурӯзон ахтар аст.

Интихобот ин қадам бар сӯи оромӣ бувад,

Интихобот мағз андар мағзи миллат гавҳар аст.

Иштироки ҳар нафар дар интихобот қарз дон,

Баҳри фардои дурахшони Ватан авлотар аст.

Дастоварду шукӯҳи ин Ватан аз раъйи туст,

Интихоби беғалат дар Маҷлиси Олӣ дар аст.

Ҳалли ҳар як мушкилӣ бо интихоб вобаста аст,

Комёбии Ватан бо интихобот мунҷар аст.

Гардад овозат муҳим дар ҷогузории вакил,

Раъйи ҳар фарде барои номзад мисли зар аст.

Ҳизби боиродаат овоздода ғолиб аст,

Ѓолиб ояд ҳизб, агар барномаи ӯ  беҳтар аст.

Дониёро, рав ту, азматро қавӣ кун, устувор,

Интихобот, инкишофу пешрафти кишвар аст!

Дониёр Сангинӣ