Тоҷикистон

Тоҷикистон, кӯҳсори файзбору гулшанӣ,

Тоҷикистон, сулҳпарвар бӯстони меҳанӣ.

Баҳри илму тандурустию фазои хуррамӣ,

Бар ҳама фарзандҳоят, ростӣ, меҳрафканӣ.

Мардумашро сарбаланду сарфарозу бахтиёр,

Кард машҳур сарвари олитабор бо рустамӣ,

Нақбу гулгашту биноҳои наву ҳозирзамон,

Зебу оро ёфтанду дилписанду диданӣ.

Тоҷикистон, рушд бинмо, ки бузургият бувад,

Ҳамчунин поянда бошу дур мон аз душманӣ.

Дониёро, мухтасар гӯй васфи гулгашту чаман,

Тоҷикистон, нури дида, эй Ватан, ҷони манӣ!

Дониёр Сангинӣ