Орзу ба падар

Аввалин устоди ман дар зиндагиам, ҷон падар,

Тарбиятгар, ибратомӯз баҳри фарзандон падар!

Хушсурат, хушсират, ҳам сухандон, нармгӯ,

Марди хандон, марди майдон, фахри ин даврон падар!

Бо писар чун хурдсол ҳар гоҳ панде медиҳад,

Доимо меҳрофарину доимо шодон падар.

Шодии фарзанд бошад равнақи хурсандияш,

Лек омад мушкиле, онро кунад осон падар.

Нақши одил, нақши фозил хислати волои ӯст,

З-ин сабаб аз баҳри мо чун ҳайкали некон падар.

Дониёро, орзуят бо падар иброз кун:

Бош сад соли дигар ҳамроҳи фарзандон падар!

24-02-2015

Дониёр Сангинӣ