Ҷойи ифтихор аст, ки мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сангинов Дониёр Шомаҳмадович ҳамчун номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии № 11 (ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа) ноҳияи Варзоб дар интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳалии вакилони халқи ноҳияи Варзоб ғолиб омада ба ҳайси вакили маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб гардиданд. Мавсуф баъд аз натиҷаи ҷамъбасти овоздиҳи соҳиби 94,99 фоизи овози интихобкунандагони ҳавза гардидааст.
Аз ин рӯ, ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ аз пирӯзии Сангинов Д.Ш. дар интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шодмону сарфароз буда, ба ӯ дар самти таҳия ва қабули қарорҳои муҳими рушду пешравии соҳаҳои афзалиятноки ҳоҷагии халқи ноҳия ва хизмати шоиставу арзанда ба нафъи мардуми шарифи Тоҷикистон бурдбориву пешравиҳоро таманно доранд.
мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент
Сангинов Дониёр Шомаҳмадович