Барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боз бинои нави хобгоҳ бунёд мегардад

        Санаи 6 марти соли 2015 дар шаҳраки донишҷӯён Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон оғоз бахшид. Биноҳо тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда 9-ошёна буда, барои 1281 донишҷӯй пешбинӣ шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки биноҳо 12-ошёна шаванд. Тибқи ин пешниҳод дар се хобгоҳи 12-ошёна наздики 1600 донишҷӯй ҷойгир мешаванд. Барои оғози корҳои сохтмонӣ аллакай 10 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Тибқи лоиҳа, ҳар як бино дорои ду толор барои дарстайёркунӣ ва ҳар як ошёна дорои ошхона, ҳаммом ва дигар утоқҳои зарурӣ хоҳанд буд. Бо сохта ба истифода додани ин биноҳо шумораи чунин хобгоҳи нави замонавӣ дар ин ҷо ба 6 адад мерасад. Ҳамагӣ дар ин шаҳрак оянда 15-то чунин хобгоҳҳои зебо қомат рост хоҳанд кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури шумораи зиёди донишҷӯён аз ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар ба соҳаи маориф ва таҳсилоти олӣ ёдовар шуда, онҳоро ба таҳсили хубу аъло ва дар сатҳи баланд аз худ намудани касбу ҳунар ҳидоят намуд.

Хобгоҳ

Хобгоҳ ваҳдатсарову ҷой бар ҷони ман аст,

Хобгоҳ ҳимматфизову даст бар кони ман аст. 

Давлати мо баҳри мо обод карда манзиле,

Ин макони қудс гӯӣ, ҳам нигаҳбони ман аст.

Шодии ҳамсоя ин хурсандӣ бошад баҳри ман.

Ҳар касе ин ҷо дарояд, дон, ки меҳмони ман аст.

Духтарон дар хобгоҳ озода чун кадбонуанд,

Хобгоҳ ҷои ҳунар, донишу анбони ман аст.

Дарси сулҳу ваҳдату мардонагиро ёд гир,

Ҷои меҳру ҳам садоқат бар рафиқони ман аст.

Дониёро, хобгоҳро манбаи таълим дон,

Ин макон варзиши меҳру ҷои дармони ман аст!

Дониёр Сангинӣ