8 март – Рӯзи Модар

       Дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март ҳамчун  Рӯзи Модар қайд карда мешавад ва он рӯз ҳамчун рӯзи иди ғайрикорӣ мебошад. Дар паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи модар 7 марти соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҷашни иди мазкурро чунин баён намуданд: «Мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо – фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем».

         Санаи 8 март дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон (International Women’s Day) ҷашн гирифта мешавад, ки ишора ба дастовардҳои занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст.  Ҷашни Рӯзи байналмилалии занон дар айни ҳол ҳадафи тасдиқи баробарии мардон ва занонро надошта, балки тасдиқи рӯзи баҳор, зебоии зан, меҳрубонӣ, хиради рӯҳонӣ ва таваҷҷӯҳ ба занҳо мебошад. Ин ид аз  ҷониби Созмони Милали Муттаҳҳд ҷашн гирифта мешавад. Иди мазкур таърихи худро дорад. Ҳанӯз  соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания  Конфронси дуюми байналмилалии занони корманд баргузор гардид. Дар ин конфронс роҳбари гурӯҳи занон аз Ҳизби сотсиал-демократии Олмон Клара Сеткина (Clara Zetkin) пешниҳод намуд, ки Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта шавад. У пешниҳод намуд, ки Рӯзи занон ҳар сол дар ҳар як кишвар дар як рӯз ҷашн гирифта мешавад. Мақсади ин ҷашнро Клара Сеткина муборизаи занон барои ҳуқуқҳои худ номид. Рӯзи байналмилалии занон ҳамчун ҷашни байналмилалӣ бо қарори Созмони Милали Муттаҳид соли 1975 барасмият дароварда шуд.

         Рӯзи байналмилалии занон – ҷашни ҳамаи занони дунё аст, ки ин санаи таърихиро худи онҳо барои худ офаридаанд.  Тамоми воқеиятҳои ба занҳо дахлдошта маҳз аз ин ҷашн вобаста мебошад. Масалан  моҳи январи соли 1906 дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия нахустин муассисаи таълимии техникӣ‑олӣ барои занон кушода шуд; январи соли 1909 дар Ню-Йорк аввалин мусобиқаи занон оид ба мошинронӣ дар ҷаҳон баргузор гардид; моҳи апрели соли 1989 баромади аввалини дастаи навозишии занона  «Вивальди-оркестра» сурат гирифт.

        Аз ин ру, калимаи беҳтарин дар дунё модар аст. Ин нахустин суханест, ки  инсон баён мекунад ва он дар тамоми забонҳои олам якхел садо медиҳад. Модар мушфиқу меҳрубон аст. Модар дили ҳассосу пур аз муҳабат дорад, ки доимо дар он машъали дустдори фурӯзон аст ва  ҳеҷ гоҳ бепарвоиро нисбати фарзанд он иҷозат намедиҳад.  Навобаста  ба сину сол ба ҳар як нафар модар ягона боқӣ мемонад. Ҳамон қадаре, ки модари худро дӯст медорӣ ҳамон қадар зиндагият зебову рангин хоҳад шуд. 

Меҳри модар

Модарам меҳрофарину офаридгори ман аст,

Модарам чун офтобу чашми бедори ман аст.

Ҳар саҳар бахшад дуои пешрафти кори ман,

Модарам олисиришту бурд дар кори ман аст.

Гашт бемор гар писар бемор гардад модарам,

То шифои комилам маҳзун аз бори ман аст.

Ў надорад кинае аз нуқсу аз кирдори ман,

Шири модар ҳодие бар нек кирдори ман аст.

Дониёро, меҳри модар манбаи илҳоми туст,

З-ин сабаб хидмат ба ӯ то охири кори ман

    Дониёр Сангинӣ