Раҳматномаи вазир ба устоди факултет

         Мавриди зикри хос аст, ки сол аз сол ҳамкориҳои муфиди дуҷониба миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият меёбанд. Дар идомаи ҳамкориҳо ва муносиботи неки тарафайн миёни ин ниҳодҳои давлатӣ аз 8-ум то 13- уми феврали соли 2015 як гуруҳ донишҷӯёни фаъоли факултети ҳуқуқшиносӣ таҳти роҳбарии ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ Саидов Ҳусниддин Миршакарович ба ҳайси дружиначиёни ихтиёрӣ ба ШВКД-2- и ноҳияи Синои ш. Душанбе  ҷалб шуда, якҷоя бо кормандони милиса навбатдориро анҷом дода, дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ , пешгирӣ, огоҳонидан ва тафтиши ҷиноятҳо саҳми назаррас гузоштанд.

          Бинобар сабаби анҷон додани ташаббуси фаъолнокӣ ва иҷрои хизматҳои шоёну арзанда дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ Саидов Ҳусниддин Миршакарович бо Раҳматномаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

         Аз ин рӯ, садорат ва ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аз чунин пазиройии самимии устоди ҷавон Саидов Ҳусниддин Миршакарович аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро сарфарозу миннатпазир буда, ба ӯ дар самти пешбурди фаъолияти минбаъдаи таълимӣ ва илмиву-омӯзгориаш бурдбориҳоро таманно доранд.