Ҳамкориҳо бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият меёбанд

          Нимаи дуюми рӯзи 13-уми марти соли ҷорӣ дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохурии устодону донишҷӯёни факултет бо сардори Раёсати кадрҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон доир гардид. Дар вохурӣ Султонзода Сулаймон дуруду паём ва арзу сипоси Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонов Юсуф Ахмедовичро ба унвонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва садорати факултети ҳуқуқшиносӣ иброз дошт. Мавсуф қайд намуд, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сол аз сол тақвият дода, ҳамзамон ба кадрҳои баландихтисоси ҳуқуқшинос ниёз дорад. Дар ин замина ӯ таъкид дошт, ки факултети ҳуқуқшиносӣ яке аз пойгоҳҳои асосии омода намудани мутахассисони ҳуқуқшинос маҳсуб меёбад. Қайд гардид, ки факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази асосии омода намудани кадрҳои лаёқатманди ҳуқуқшинос ба ҳисоб рафта, аз замони таъсис то ба имрӯз дар самти таъмини мақомоти прокуратура бо кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми арзандаи худро гузоштааст. Аз ин рӯ, роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар муҳлатҳои наздиктарин бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шартномаи нави ҳамкориро ба имзо расонад.

          «Яке аз тадбирҳои асосии таҳкими чунин ҳамкориҳо аз байн бурдани озмунҳои анъанавии қабул ба кор дар мақомоти прокуратура маҳсуб меёбад. Аз ин ба баъд қабул ба кор дар мақомоти прокуратура танҳо дар асоси роҳхати комиссияи тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавон, ки ҳар сол дар факултети ҳуқукшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир мегардад, сурат мегирад» ­– қайд намуд Султонзода Сулаймон.

           Дар охир миёни донишҷӯёну устодон ва кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон музокира сурат гирифт. Устодону донишҷӯён ин иқдоми роҳбарияти Прокуратураи генералиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки суҳбати ихтисосии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонов Юсуф Ахмедович бо сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» Ҷаҳонгир Саъдизода доир гардад ва дар шумораҳои ояндаи рӯзномаи мазкур фишурдаи он нашр карда шавад.

          «Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷавобан ба боварӣ ва ҳамкориҳои роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки минбаъд фаъолияти худро дар самти тарбия ва омода намудани мутахассисони дараҷаи баланди касбӣ ва ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ барои мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷоннок намояд. Мо аз боварӣ ва эътимоди роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорем ва дар ин самт ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба нафъи пешрафти Тоҷикистон азиз ба роҳ хоҳем монд» – иброз дошт дар охир декани факултети ҳуқуқшиносӣ, дотсент Насурдинов Э.С..