Падару модарони азиз!
Садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон лутфан ба иттилои Шумо мерасонад, ки бо мақсади ба амал овардани таҳаввулотҳои ҷиддӣ дар ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултет, «Барномаи рущди факултети ҳуқукшиносӣ ДМТ барои солҳои 2015-2020» қабул гардид. Дар маҷмӯъ қабули барномаи мазкур барои баланд бардоштани сатҳу сифтаи раванди таълим ва донишандӯзии донишҷӯён, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чорабиниҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси меҳанпарастии онҳо, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, тарбияи мутахассисони лаёқатманд нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, рафти иҷрои барномаи мазкур зери назорат ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии садорати факултети ҳуқуқшиносӣ қарор дорад. Ба ин маънӣ, дар тамоми сӯҳбату вохӯриҳои хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон даъват ба амал меоранд, ки волидайн, тамоми соҳторҳои давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» – ро ба роҳбарӣ гирифта, нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовут набошанд ва дастҷамъона дар устувориву пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳмгузор бошанд.
Волидайни мӯҳтарам! Мо ба кӯмаку дастгирии бевоситаи Шумо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти ин барнома ниёз дорем. Айни ҳол дар факултет ҷараёни таълим бо низом ва бомаром идома дорад. Дар тамоми гурӯҳҳои академии низоми таҳсилоти анъанавӣ ва кредитӣ машғулиятҳои амалӣ оғоз гардидаанд. Аз Шумо падару модарони гиромӣ самимона хоҳиш менамоем, ки нисбат ба тақадири фарзандони худ бепарвогӣ зоҳир накарда, ҷиҳати иштирок дар дарсҳои амалӣ ва бархӯрдор шудан оид ба паҳлӯҳои гуногуни таълиму тарбияи фарзандатон ба факултет ҳозир шавед. Ҳамзамон дар робита ба ин масъала бо сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ва дигар шахсони масъули садорат дар тамос шавед. Мо ҳама гуна андешаҳое, ки дар ростойи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва такмили фаъолияти факултет аз ҷониби Шумо волидайни муҳтарам иброз мегарданд, қабул хоҳем дошт.
Садорати факултети ҳуқукшиносӣ ҳамчунин шароит фароҳам овардааст, ки падару модарони донишҷӯёне, ки дар шаҳру ноҳияҳои дурдасттарини кишвар истиқомат менамоянд бо тариқи телефонӣ ва суроғаи электронии факултет (ur.tj@mail.ru) аз аҳволи фарзандони худ бохабар бошанд.
Падару модарон метавонанд бо телефонҳои мобилии зерин бо намояндагони садорати факултети ҳуқукшиносӣ дар тамос шаванд.
1. (907405550) Мирзоев П.З. –муовини декан оид ба таълим дар басти якум;
2. (918269888) Камолов И.И. -муовини декан оид ба таълим дар басти дуюм;
3. (988983198) Идиев Ф.Ф.- муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ.
Бо эҳтиром,
Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ.