Рисолаи номзадии Қурбоналиев Н.Ш. тасдиқ шуд!

     Cадорат ва ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгори кафедраи ҳуқуқи гражданӣ Қурбоналиев Нурулло Шамсуллоевичро ба ифтихори тасдиқ шудани рисолаи номзадиаш аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (фармони №223/нк аз 10.03.2015с.) самимона табрик намуда, ба эшон саломатии бардавом, рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгориву  корҳои илмӣ – тадқиқотиаш комёбиҳои беназирро ба нафъи пешрафти Тоҷикистони азиз хоҳонанд.

      Ёдовар мешавем, ки номбурда 18 апрели соли 2014 дар Шӯрои дифои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадияшро дифо намуда буд.