Cадорат ва ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳамзамон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зарифро ба ифтихори тасдиқ шудани рисолаи докториаш аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (фармони №221/нк аз 10.03.2015с.) самимона табрик намуда, ба эшон саломатии бардавом, рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгориву корҳои илмӣ – тадқиқотиаш комёбиҳои беназирро ба нафъи пешрафти Тоҷикистони азиз хоҳонанд.
Ёдовар мешавем, ки номбурда 28 октябри соли 2014 дар Шӯрои дифои назди Донишгоҳи олии иқтисодии шаҳри Москва рисолаи докториашро дифо намуда буд.