Санаи 31-уми марти соли 2015 соати 14.00 дар бинои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур маърӯза ва баромадҳои аъзои шӯро шунида шуда, Нақшаи Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ ҷиҳати татбиқи марҳилаи дуюми Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ карда шуд.
Мувофиқи Нақшаи мазкур, ки солҳои 2015-2018-ро дар бар мегирад, таҳияи китобҳои нави дарсӣ оид ба ҳуқуқи инсон, нашри фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи инсон, таҳияи маҷмӯаи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ғайра дар назар аст.
Яке аз самтҳои асосии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020-ро ҷорӣ намудани фанни таълимии «Ҳуқуқи инсон» дар ҳамаи тахассусҳо дар бар мегирад. Бо пурра дар амал татбиқ шудани Барнома дар тамоми донишгоҳҳои кишвар, омӯзишгоҳҳо, марказҳои такмили ихтисос новобаста аз тахассус «Ҳуқуқи инсон» ҳамчун фанни таълимӣ ҷорӣ карда мешавад.
Қайд кардан зарур аст, ки аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин Шӯро устодони кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сафаров Бахтовар Амиралиевич ба ҳайси муовини раиси Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ ва ассистент Ҷаҳонгир Саъдизода ба ҳайси аъзо иштирок намуданд. Раиси Шурои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 устоди кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент Ализода Зариф мебошад.
Сафаров Бахтовар Амиралиевич, ки дар интихоботи парлумонӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид, минбаъд дар ин Шӯро Парлумонро намояндагӣ хоҳад кард.
Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар ин Шӯро ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ Ҷаҳонгир Саъдизода намояндагӣ менамояд.
Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 3-юми декабри соли 2012 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва яке аз мақсадҳои асосии он баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.