Нимаи дуюми рӯзи 07.04.2015 омӯзгори кафедраи ҳуқуқи гражданӣ Қосимов Фаррух Абдулмуминович дар Шӯрои муштараки диссертатсионии 737.004.08 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон рисолаи номзадиашро ҳимоя кард.
Аз ин ру, садорат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгори кафедраи ҳуқуқи гражданӣ Қосимов Фаррух Абдулмуминовичро самимона табрик намуда, ба эшон саломатии бардавом, рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгориву корҳои илмӣ – тадқиқотиаш комёбиҳои беназирро ба нафъи пешрафти Тоҷикистони азиз хоҳонанд.