Садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти роҳбарони сохторҳои давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, низоми судӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ мерасонад, ки рӯзи 23.04.2015, соати 10:00 дар факултети ҳуқуқшиносӣ (бинои таълимии №11, ошёнаи 5-ум, синфхонаи 521) тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавон баргузор мегардад.
Бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01.2015 дар мавриди таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намудан ба масъалаи интихоби мутахассисони ҷавони дар бозори меҳнат рақобатпазир Шумо имкон доред, ки аз чунин фурсати муносиб истифода баред.
Аз ин рӯ, бо назардошти ба роҳ мондани робитаҳои устувори дуҷониба ва густариши ҳамкориҳо доир ба мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки иштироки намояндаи хешро ба суроғаи муайяншуда таъмин менамудед.