Ба ту иброз дорам нақли коре,
Ки ағёрӣ намояд гоҳ ёре,
Чу зад марде ба кори носазо даст,
Чу моҳӣ як замон уфтод бар шаст.
Навишта номае аз баҳри озор,
Ба дастгоҳи раис бо шавқи бисёр,
Ѓаразманде чу иблис дида чора,
Кунанд беобру устоди мора,
Ба вақти санҷиши аъмоли устод,
Наёфта камбудӣ рафтанд ношод,
Зи ғамгинии худ ошуфта гардид,
Тақаллубкории худро насанҷид.
Замоне кард, тарки ҷои кораш,
Аён гардид ин асноду бораш.
Бидон ҷон Дониёр, охир, ки ин кор,
Шавад овоза дар дарбору бозор.
Дониёр Сангинӣ 09-05-15