Дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тағйиротҳои кадрии зерин ба вуқӯъ пайвастанд:
1. Ѓафуров Абдухалил Давлаталиевич – мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент бо сабаби гузаштан ба вазифаи Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуд;
2. Қурбонов Қурбон Бобоевич – муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ – ба иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиӣ гузаронида шуд;
3. Сафаров Анвар Исломович – дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ таъин гардид;
4. Қурбоналиев Нурулло Шамсуллоевич – муовини декан дар шӯъбаи ғоибона, номзади илмҳои ҳуқуқ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ба вазифаи муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ гузаронида шуд;
5. Мавлонназаров Одилбек Абдулназарович – муовини декан оид ба тарбия дар шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) ва низоми таҳсилоти кредитӣ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат ба вазифаи муовини декан дар шуъбаи ғоибона гузаронида шуд;
6. Ҳамдамова Шукрона Мирзоҳамдамовна – ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ба вазифаи муовини декан оид ба тарбия дар шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) ва низоми таҳсилоти кредитӣ таъин гардид.