Рӯзи 27.05.2015 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷойи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир» бо иштироки доираи васеъи олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимзода М.З. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории конференсия гузориш доданд. Ҳамзамон аз аҳли нишаст даъват ба амал оварданд, ки ба таҳқиқу пажӯҳиши мавзӯъҳои рузмарраи илми ҳуқуқшиносӣ машғул шуда, ҷиҳати амалишавии он ба корҳои созандагию бунёдкорӣ рӯ биёранд. Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи конференсия маърӯзаҳо шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, тадқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Аз факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳии миллии Тоҷикистон дар кори конференсия устодон Шарипов Т.Ш., Сулаймонов Ф.С., Қурбонов Қ.Б., Қурбоналиев Н.Ш. иштирок ва баромад карда, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд.