Имрӯз Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонд. Боиси ифтхор аст, ки дар ин миён як зумра устодону дастпарварони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ бо ин мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла: Саидов Шоҳин Нурович – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, Сардори Раёсати илм ва навоварии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Маҳмадшоев Фарҳод Абдураҳмонович – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Сардори шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Муродов Ардашер Алишерович – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Ёрдамчии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи таъсисдодаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз ин рӯ, садорат, кулли устодону кормандон ва донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидов Шоҳин Нурович, Маҳмадшоев Фарҳод Абдураҳмонович, Муродов Ардашер Алишеровичро ба ифтихори мушарраф гардиданашон бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ самимона табрик намуда, ба онҳо саломатию саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи илмию эҷодиашон ба нафъи пешрафти ҳаёти ҳуқуқии Ватани маҳбубамон бурдбориҳо таманно доранд.