Субҳи имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар асоси дастуру супоришҳои Раёсати донишгоҳ бо иштироки доираи васеи устодон, кормандон ва донишҷӯён тамошои пахши мустақими «Дарси сулҳ», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ироа гашт, баргузор гардид. Зимни суханронии хеш Президенти кишвар вазъи кунунӣ ва мушкилоти соҳаи маориф ва таҳсилоти олии касбиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, афзуданд, ки дар зарфи 24 соли касби истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф, аз ҷумла таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, миёна ва таҳсилоти олии касбӣ ва дастгирии иҷтимоии омӯзгорон корҳои назаррасе ба анҷом расонидааст. Зимнан таъкид намуданд, ки аз ҷониби роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар самти омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба ва рақобатпазири бозори мехнат силсилаи тадбирҳои муассир андешида шаванд. Пешгирии омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва созмонҳои тундрав, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ҳуввият ва худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, баланд бардоштани сифати таълим, такмили сифати китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ як бахши аъзами суханронии Президенти кишварро ташкил медоданд. Ҳамзамон бо назардошти шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои кунунии сайёра, дар зери таъсири хатарҳои ҷаҳонишавӣ Сарвари давлат даъват ба амал оварданд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланди инсонӣ амал намуда, дар самти ҳифзи дастовард ва музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, таъмини амният, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии ватани маҳбубамон зиракии сиёсиро аз даст надода, беш аз пеш масъулиятшинос бошанд. Баъд аз анҷоми суханронии Президенти кишвар ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Кӯлоб бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат изҳор намуданд, ки тамоми кӯшишу ғайрат ва нерӯву матонати худро баҳри пешрафту гулгулшукуфоии Ватани азизамон ва боло бурдани нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ бо туфайли корҳои созандагию меҳнати шабонарӯзӣ равона хоҳанд сохт.
Дар умум аз «Дарси сулҳ»-и Президенти кишвар, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа, махсусан таълиму тарбияро фарогир буд, устодону кормандон ва донишҷӯён як ҷаҳон таассуроти нек бардоштанд.
Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ бо пуштибонии амиқ аз дастуру супоришҳо ва тавсияву пешниҳодҳои судманду асосноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт, ки ҷиҳати иҷрои онҳо дар муҳлатҳои наздиктарин нақша-чорабиниҳои мушаххасро таҳия, тасдиқ ва ба мавқеи иҷро вогузор намояд.