Қадрдонии устодони ДМТ бо мукофотҳои давлатӣ /02.09.2015/

      Нимаи дуюми рӯзи 2-юми сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони Донишгоҳ баргузор гардид.  Дар рӯзномаи  ҷаласа танҳо як масъала – супоридани мукофотҳои давлатӣ ба омӯзгорону  кормандони Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар кори ҷаласаи мазкур ба истиснои аъзоёни Шӯрои олимон, ҳамзамон намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз иштирок доштанд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Шӯрои олимон,  доктори илмҳои филологӣ, профессор, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба масъалаи баррасишавандаи ҷаласаи Шӯрои олимон  суханро ба намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз вогузор намуд. Мавсуф нахуст кулли аъзоёни Шӯрои олимонро ба муносибати оғози соли таҳсили 2015-2016 самимона шодбош гуфта, ба ҳозирин дар самти иҷрои вазифаҳои пурмасъулият бурдбориҳоро таманно намуд. Сипас фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси сарфароз гардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мукофотҳои давлатӣ қироат намуд. Ҳамин тариқ, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду тан аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Маҳмудов Изатулло Тешаевич, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент ва Расулиён Қаҳор Расул, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих, доктори илмҳои таърих, профессор барои хизматҳои шоён бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.

     Садорат, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин қадрдониро бори дигар нишони  таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони аҳли илму фарҳанг баҳогузорӣ намуда, бо истифода аз фурсати муносиб устодони мӯътабарро бо ифтихори сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрику шодбош намуда, ба онҳо саломативу саодатмандӣ, рӯзгори ободу пирузӣ ва хизмати содиқонаро ба халқу давлати Тоҷикистон орзуманданд.