Табрикнома

    Ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз он хушнуду сарфарозанд, ки «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии ДМТ барои солҳои 2015-2020» дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ самарии нек ба бор оварда истодаст. Дар идомаи дастовардҳои илмӣ ҳимояи навбатии рисолаҳои номзадии омӯзгорони факултетро махсусан таъкид кардан ба маврид аст.

    Нимаи дуюми рӯзи 11 – уми декабри соли 2015 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои муштараки диссертатсионӣ баргузор гардид, ки дар кори он муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат Ризоева С.К. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Муаммоҳои ҳифзи ҳуқуқҳои иттилотӣ-граждании соҳибкорони инфиродӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назари доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ѓаюров Ш.К. сарбаландона ҳимоя намуд.

    Аз ин рӯ, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Ризоева Ситора Кишваровнаро самимона табрику таҳният гуфта, ба ӯ сарбаландӣ ва комёбиҳо нави илмиро таманно доранд. 

Ризоева Ситора Кишваровна