Санаи 2-юми апрели соли 2016 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 14-уми нақшаи кории Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2016, бахшида ба 5-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифтаи раванди таълим ва донишандӯзии донишҷӯён, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чорабиниҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси меҳанпарастии онҳо, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, тарбияи мутахассисони лаёқатманд ҷаласаи падару модарони донишҷӯёни курси якум баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ба падару модари донишҷӯён дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории ҷаласаи мазкур гузориш дод. Аз ҷумла иброз намуд, ки дар тамоми суҳбату вохӯриҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал меоранд, ки волидайн, тамоми соҳторҳои давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» – ро ба роҳбарӣ гирифта, нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовут набошанд ва дастҷамъона дар устувориву пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳмгузор бошанд. Ҳамзамон хотирнишон сохтанд, ки дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ ДМТ барои солҳои 2015-2020» қабул карда шудааст. Татбиқи амалӣ ва бомароми барнома идома ёфта, дар оянда имкон медиҳад, ки сатҳу сифати таълим боло бардошта шуда, ҳамзамон мутахассисони болаёқат, рақобатпазири бозори меҳнат, ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ ва дар руҳияи меҳанпарастиву хештаншиносӣ тарбияёфта омода карда шаванд. Сипас дар кори ҷаласа, масъалаҳои саривақт ҳозир шудан ба дарс, бо автомашинҳои шахсӣ ҳозир нашудан ба Донишгоҳ, ҳозир шудан ба донишгоҳ бо ҷузвдон, китобу дафтар ва дигар лавозимоти таълимӣ, риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ, худдорӣ намудан аз кашидани носу сигор, нӯшокиҳои спиртӣ, маводи мадҳушкунанда, офтобпараст, сақич дар ҳудуди донишгоҳ ва хобгоҳҳо, нагаравидани донишҷӯён ба ҳаргуна равияҳои сиёсӣ-динии хусусияти ифротгароӣ ва радикалидошта, раҳоӣ бахшидани донишҷӯ аз хурофот ва таассуб, аз истифодаи телефонҳои мобилӣ дар бино ва саҳни донишгоҳ худдорӣ намудан, ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим, вусъат бахшидан ба низоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ, васеъ намудани амалияи истифодаи забони хориҷӣ, ҷалби онҳо ҷиҳати иштирок ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ, мусоидат намудан ба ташрифи донишҷӯён ба театрҳо, осорхонаҳо, намоишгоҳҳо, иштироки падару модар дар дарсҳо, воқиф будан аз рафтор ва одоби муоширати донишҷӯ, баланд бардоштани сифат ва сатҳи донишандузии онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар умум натиҷаи таҳлилу мушоҳидаҳо нишон дод, ки падару модарони донишҷӯён ба падидаи баргузории ҷаласаи волидайн нек муносибат намуда, онро бо қаноатмандӣ эътироф карда, ба хушӣ пазируфтанд. Ҳамзамон онҳо таъкид карданд, ки бо амалишавии барномаи мазкур дар ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултет таҳаввулотҳои ҷиддӣ ба миён меоянд.