Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин – Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб гардид!

     Бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ садорати факултети ҳуқуқшиносии  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санаи 10-уми апрели соли ҷорӣ дар интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1, собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддинки ҳамчун номзад аз  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо гирифтани 83,4 фоизи овози интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

      Дар робита ба ин масъала рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ як силсила қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, нимаи аввали рӯзи 15.04.2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, аз рӯи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Насриддинзода Эмомалӣ», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Насриддинзода Эмомалӣ» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Насриддинзода Эмомалӣ» қарори дахлдор қабул намуд.     

    Садорат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабари мазкурро нек дарёфта, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва хуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддинро ба ифтихори интихоб шуданашон ба ҳайси Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон самимона табрик намуда, ба ӯ дар иҷрои ин масъулияти пуршараф бурдбориҳоро орзуманданд. Боварии комил дорем, ки номбурда ба ҳайси як тан ҳуқуқшиноси варзидаи кишвар, дорои ҷаҳонбинӣ, мафкура ва фарҳанги баланди сиёсӣ ва ҳуқуқидошта, дар такмили низоми қонунгузории кишвар бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми беназир хоҳад гузошт.   

Профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқ 

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин,