Санаи 7-уми майи соли 2016 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйиру иловахо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия – омили рушди устувору босуботи ҷомеа» бо иштироки доираи васеи омӯзгорон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори омма ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. оғоз карда, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории мизи мудаввари мазкур гузориш дод. Аз ҷумла, иброз намуд, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ба марҳалаи имрӯзаи рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда, онҳо ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, дар навбати аввал ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ваидораи давлатӣ равона гардидаанд.
Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи мизи мудаввар маърӯзаҳои устодони факултет Диноршоев А.М. мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи «Воросы развития конституционной реформы в современном Таджикистане» ва Хоҷамуродов Д.Г. ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзӯи «Такмили Конститутсия – кафолати рушди устувори ҷомеа» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ доданд.
Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳои тӯлонӣ сурат гирифтанд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокдорони мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Дар маҷмӯъ, кулли иштирокдорон аз лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пуштибонии амиқ намуда, иброз доштанд, ки ҳар нафари ватандӯсту меҳанпараст дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки рӯзи 22 майи соли 2016 баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзида, ба оян даи худ раъй медиҳад.