Ҷойи ифтихору сарбаландист, ки дар заминаи роҳандозӣ намудани сиёсати ҳадафмандонаву бобарор бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифу сарбаланд ва бунёдкору тамаддунофари тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин ва волотарин неъмат – Ваҳдати миллиро ба даст овард. Мо аз он хушбахту сарфарозем, ки дар арафаи таҷлили ду ҷашни бузурги давлатӣ – 19-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бо шарофати касби истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияту Ваҳдати миллии сартосарӣ дар кишвар заминаҳои боэътимоду мусоид барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бунёд гузошта шуда, дар самти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои истиқлолияти давлатӣ корҳои назаррасе анҷом дода шуданд. Нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ бамаротиб боло рафта, дар самти ба амал баровардани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ имрӯзҳо ҳамчун яке аз кишварҳои муваффақ шинохта шудааст.Аз ин рӯ, ҳар як фарзанди банангу номуси миллатро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва қарзи имониву инсонӣ дар самти ҳифз, нигаҳдошт, эҳтиром, таҳким ва арҷгузорӣ ба Сулҳу Ваҳдати миллӣ пайваста талошу фаъолият дошта бошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, барои онҳо саломативу сарбаландӣ, бахту саодат, ободиву осоиш, хушҳоливу хушрӯзӣ, иқболи баланду комёбиҳоро орзуманданд.
Бо самимият ва эҳтироми беандоза,
Садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ