Субҳи имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар асоси дастуру супоришҳои Раёсати донишгоҳ бо иштироки доираи васеи устодон, кормандон ва донишҷӯён тамошои пахши мустақими таҷлили Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Данғара ироа гашт, сурат гирифт.
Зимни суханронии хеш Президенти кишвар вазъи кунунӣ ва мушкилоти соҳаи маориф ва таҳсилоти олии касбиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, афзуданд, ки дар зарфи 25 соли истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф, аз ҷумла таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, миёна ва таҳсилоти олии касбӣ ва дастгирии иҷтимоии омӯзгорон корҳои назаррасе ба анҷом расонидааст. Таъкид карда шуд, ки мо дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.
Сипас, бо пуштибонии амиқ аз дастуру супоришҳо ва тавсияву пешниҳодҳои судманду асосноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бинои факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори оғози соли таҳсили 2016-2017 бо иштироки доираи васеи донишҷӯён ва устодон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳи декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати оғози соли таҳсили 2016-2017 муборакбод намуд. Аз ҷумла зимни баромади хеш декани факултет қайд намуд, ки факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ-таълимӣ, маркази асосии омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҳуқуқӣ, мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат ва ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон дар ин махзани илму маърифат корҳои арзишманди илмӣ-тадқиқотӣ бо назардошти самтҳои афзалиятноки илми ҳуқуқшиносии муосир анҷом дода шуда, саҳми омӯзгорон, шогирдон ва хатмкунандагони он дар тарғибу ташвиқи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳифзи асолат ва манфиатҳои миллӣ беназир аст.
Мутобиқ ба ин ғояҳо тарбияи донишҷӯён тавассути чораҳои тарбиявии мақсадноки ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ ба амал бароварда мешавад. Амалишавии низоми тарбия ҷалб гардидани анъанаҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ, мероси маънавӣ, анъанаҳои сиёсӣ-ҳуқуқиро тақозо менамояд. Корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯён пайваста, мутассил ва муназзам ба роҳ монда мешавад.
Дар охир аз донишҷӯён даъват баамал оварда шуд, ки дар ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва бархурдор шудан аз донишҳои замонавӣ бо дарки масъулияти баланд муносибат намуда, барои ба ҳайси мутахассиси асил ва рақобатпазири бозори меҳнат ба воя расидан, пайваста кӯшишу пайкор намоянд.