Бузургтарин ва муқаддастарин ҷашнвораи миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

/08.09.2016с./

      Боиси сарфарозию хушнудист, ки имрӯзҳо дар тамоми гушаю канори Тоҷикистони азиз бузургтарин ва муқаддастарин ҷашнвораи миллӣ, чорабинии муҳими сиёсӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кулли сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуда истода, дар ин самт корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо кардаанд.  Маврид  ба зикр аст, ки 25 сол муқаддам, дар асоси  Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, 9-сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон  расман истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Қабули ин қарори муҳими таърихӣ боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд ва он ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ расман шинохта шавад. Дар воқеъ ин санади муҳими тақдирсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуда, имконият фароҳам овард, ки баъд аз ҳазорсолаҳо дубора ба бунёди аркони давлатдории миллӣ камари ҳиммат банданд.

       Бо сарбаландӣ метавон изҳор дошт, ки дар муддати чоряк асри сипаришуда Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пуршебу фароз ва пурифтихореро тай намуда, дар самти таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими рукнҳои асосии давлатдорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои  миллӣ ба комёбиҳои бузург мушарраф гаштааст. Таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, оромию субот дар ҷомеа аз  беназиртарин  ва арзишмандтарин дастовардҳое мебошанд, ки   мардуми бузургу сарбаланди тоҷик бо шарофати заҳмату талошҳои  фарзанди фарзонаи тоҷик, шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст. Маҳз бо азму талоши Пешвои миллат дар замони соҳибихтиёри давлатӣ дар Тоҷикистон мактаби бузурги сулҳоварӣ ва ваҳдатсозӣ  асос ёфтааст, ки ин падида  дар ҷаҳон назир надорад.

         Аз ин рӯ, садорати факултети ҳуқуқшиносӣ дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ифтихори таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи 9-уми сентябр самимона табрик менамояд.

       Хоҳишмандем самимитарин таманниёти идонаи моро ба хотири саломативу сарбаландӣ, хушҳоливу хушрӯзӣ, хизмати содиқонаву холисонаатон ба нафъи пешрафти Тоҷикистони азиз бипазиред.  

Бо эҳтиром,

Садорати факултети ҳуқуқшиносии

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон