Cадорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки нимаи дуюми рӯзи 13.10.2016с. ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносӣ Салоҳидинова Симо Муҳамаддиевна дар Шӯрои диссертатсионии Д 501.001.74 назди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҳуқуқи шахс ба фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарбаландона ҳимоя намуд.
Аз ин рӯ, ҳайати омӯзгорону кормандони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Салоҳидинова Симо Муҳамаддиевнаро самимона табрику таҳният намуда, ба ӯ тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар корҳои илмию омӯзгориаш бурдбориҳо таманно доранд.
Бигзор кабутари иқболаш дар фазои илмӣ ҳамеша баландпарвоз бошад.