Нақша-чорабиниҳои факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар соли таҳсили 2016-2017 ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»

                                                                                             Бо қарори Шӯрои олимони

  факулети ҳуқуқшиносии ДМТ                

аз 30.09.2016с, таҳти №1 тасдиқ шудааст.

Раиси Шӯрои олимон, декани факултет

 _________________дотсент Раҳмон Д.С.

Нақша-чорабиниҳои

факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар соли таҳсили 2016-2017 ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»

Номгӯи чорабиниҳоМасъулонМӯҳлати иҷроШакли иҷро
Бахши таълим
1.Муҷаҳҳаз сохтани синфхонаҳои таълимӣ ба воситаҳои техникии муосир (компютер, микрофон, видеопроектор, тахтаҳои электронӣ  ва ғайра)Садорати факултети ҳуқуқшиносӣАвгуст-СентябрҲисобот
2.Бознигарӣ ва аз нав таҳия намудани барномаҳои таълимӣ ва силлабусҳо бо назардошти нақшаҳои нави таълимии ихтисосҳои амалкунандаи факултетМудирони кафедраҳо, Муовинони декан оид ба таълим, Шӯрои илмӣ-методӣТо охири моҳи декабри соли 2016Ҳисобот ва пешниҳод намудани шакли аёнии барномаи таълимӣ ва силлабусҳо
3.Тақвият бахшидан ба истифодаи воситаҳои иттилоотию иртиботӣ дар раванди дарсҳои лексионӣ ва амалӣМудирони кафедраҳо, Муовинони декан оид ба таълим, Шӯрои илмӣ-методӣМунтазамҲисобот
4.Андешидани тадбирҳо ҷиҳати комилан аз байн бурдани дарсшиканӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба   ҳама гуна омилҳои  худсарона даст доштан ба ивази беасос ва бемавриди дарсҳоМудирони кафедраҳо, Муовинони декан оид ба таълимМунтазамҲисобот
5.Таъсис додани полигони (майдони) дарсӣ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ-криминалистӣ ва мурофиаи ҷиноятӣМудирони кафедраҳои ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ ва криминалистка ва фаъолияти экспертизаи судӣТо охири соли таҳсилҲисобот
6.Таҳия ва чоп намудани воситаҳои нави таълимию методӣ барои амалӣ намудани барнома ва силлабусҳои  нави таълимӣМудирони кафедраҳо, Шӯрои методӣТо охири моҳи декабрҲисобот ва пешниҳод намудани шакли аёнии воситаи таълимӣ
7.Мунтазам ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод аз ҷониби устодони пешбар ва собиқадори факултет баҳри намоиш додан ва омӯзонидани устодони ҷавон бо усулҳои беҳтарини таълим ва тахассусМудирони кафедраҳо, Муовинони декан оид ба таълимДар давоми соли таҳсилҲисобот
8.Мунтазам ташкил намудани ҷараёни иштироки мудирони кафедраҳо ва устодони собиқадор дар машғулиятҳои лексионӣ ва амалии омӯзгорони ҷавон, аз ҷумла ташкил намудани воридшавӣ ба дарсҳо дар доираи байни кафедраҳои ҳамҷаворМудирони кафедраҳо, Муовинони декан оид ба таълимДар давоми соли таҳсилҲисобот
9.Таъсиси низоми кор бо донишҷӯёни соҳибистеъдод тавассути ташкил намудани чорабиниҳо, озмунҳо, гурӯҳҳои омӯзиши фарохтари барномаҳои таълимӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯёни соҳибистеъдод барои кор аз рӯи тахассус пас аз хатми донишгоҳ, ҷалб намудани онҳо дар корҳои илмӣМудирони кафедраҳо, Муовинони декан оид ба таълимДар давоми соли таҳсилҲисобот
10.Вусъат бахшидан ба низоми  омӯзиши забонҳои хориҷӣ,  васеъ намудани амалияи истифодаи забони хориҷӣ аз ҷониби донишҷӯён, махсусан дар самти татбиқи меъёр ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣМудирони кафедраҳои забонҳои хориҷӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣДар давоми соли таҳсилҲисобот
11.Ба роҳ мондани мониторинги доимии сифати таълим тавассути низоми ягонаи рейтинги давомот, ташкил намудани амалияи гузаронидани имтиҳонҳои мустақил, назорати сифати таълим тавассути гузаронидани пурсишномаҳо (анкета)Муовинони декан оид ба таълимДар давоми соли таҳсилҲисобот
12.Ворид намудани воситаҳои иттилоотӣ-иртиботии таълим, ҷадвали дарсҳои электронӣ, низоми китобхонаи электронӣ, дар шабакаи Интернет ҷойгир намудани рисолаҳои дипломӣ, магистрӣ, номзадӣ ва докторӣ, нашрияҳои электронӣ ва ғ.Муовинони декан оид ба таълим, масъули сомонаи факултетДар давоми соли таҳсилҲисобот
Бахши илм
1.Андешидани чораҳо баҳри саривақт омода  ва дифоъ намудани рисолаҳо барои дарёфти унвони илмии доктор ва номзади илми ҳуқуқшиносӣ. Ба мақсад мувофиқ аст, ки таваҷҷуҳ ба омода намудани кадрҳои дараҷаи илмидошта дар риштаҳое, ки дар Тоҷикистон нодиранд, нигаронида шавадМудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Дар давоми соли таҳсилҲисобот
2.Ташаккули мактабҳои илмии кафедраҳои тахассусии факултет. Дар ин самт тақвият бахшидан ба фаъолияти устодони факултет дар самти ширкат ва маърӯза намудан дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назариявии  сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидоштаМудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Дар давоми соли таҳсилҲисобот
3.Тақвият бахшидан ба кори семинари илмӣ-назариявии муҳаққиқони ҷавони факултетМудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Дар давоми соли таҳсилҲисобот
4.Тайёр намудани кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура ва институти унвонҷӯӣ бо назардошти риояи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар Донишгоҳи миллии ТоҷикистонМудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Дар давоми соли таҳсилҲисобот
5.Таъсис додани маҳфилҳои инфиродии устодони соҳибтаҷриба ва соҳибмактаб (профессорон ва дотсентон)Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Дар давоми соли таҳсилҲисобот
6.Гузаронидани семинарҳои илмӣ-методӣ дар заминаи кафедраҳои факултет, бурдани донишҷӯёни  курсҳои I ба Китобхонаи миллӣ бо мақсади ташаккул бахшидан ба малакаи кор бо адабиёти илмӣ, базаи маълумот, номгӯйи (каталогҳои) библиографӣ ва аз худ намудани усулҳои тайёр ва навиштани маърузаҳои илмӣ, корҳои курсӣ, дипломӣ ва ғайраМудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, муовинони декан оид ба таълим, сарпарастнои гурӯҳҳои академӣ Дар давоми соли таҳсилҲисобот
7.Мусоидат намудан ба маҳфилҳои илмии донишҷӯёни назди кафедраҳои тахассусии факултетМудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣДар давоми соли таҳсилҲисобот
8.Нашр намудани беҳтарин мақолаҳои илмии донишҷӯён ва нашри он дар маҷаллаҳои илмии факултет ва донишгоҳ ва иштироки донишҷӯён дар конфронсҳои илмӣ, олимпиадаҳо ва озмунҳоМудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣДар давоми соли таҳсилҲисобот
9.Афзун гардонидани самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону кормандони факултет аз нигоҳи мазмун, сифат ва шумораМудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣДар давоми соли таҳсилҲисобот
10.Ҷойгир намудани маводҳои иттилоотӣ оид ба иҷрои нақша-чорабиниҳои мазкур дар ВАО ва сомонаи факултети ҳуқуқшиносӣМуовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, Масъули бахши сайтДар давоми соли таҳсилҲисобот
 Бахши тарбия
1.Тарбияи донишҷӯ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ  ва худшиносии миллӣ, муқаддас донистани тамомияти арзӣ ва якпорчагии ТоҷикистонМуовинони декан оид ба тарбия, сарпарастони гурӯҳҳои академӣМунтазамҲисобот
2.Ба роҳ мондани дарсҳои кураторӣ ба мавзӯҳои рӯзмарраи  ҳаёти тарбиявӣМуовинони декан оид ба тарбия, сарпарастони гурӯҳҳои академӣМунтазамҲисобот
3.Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди корӣ бо волидайни донишҷӯён дар партави иҷрои талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд» ва ҷалби падару модари донишҷӯён дар самти азхудкунии дарсҳо, рафтор ва одоби муоширати донишҷӯ ва дар баланд бардоштани сифат ва сатҳи донишандузӣ;Муовинони декан оид ба таълим, тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣДар давоми соли таҳсилҲисобот
4.Андешидани чораҳои муассир дар самти таъмини иштироки донишҷӯён ба дарсҳо ва тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи муносибати оштинопазир бо равияҳои сиёсӣ-динии хусусияти ифротгароӣ ва  радикалидошта,  раҳоӣ бахшидани донишҷӯ  аз хурофот ва таассубМуовинони декан оид ба таълим, тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣДар давоми соли таҳсилҲисобот
5.Вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои   саривақт ҳозир шудан ба дарс, бо автомашинҳои шахсӣ ҳозир нашудан ба донишгоҳ, ҳозир шудан ба донишгоҳ бо ҷузвдон, китобу дафтар ва дигар лавозимоти таълимӣ, риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ, худдорӣ намудан аз  кашидани носу сигор, нӯшокиҳои спиртӣ, маводи мадҳушкунанда, офтобпараст, сақич дар ҳудуди донишгоҳ ва хобгоҳҳоМуовинони декан оид ба таълим, тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣДар давоми соли таҳсилҲисобот
6.Гузаронидани корҳои профилактикӣ ва  фаҳмондадиҳӣ марбут ба пешгирӣ  сохтани омилҳои сар задани зуҳуроти номатлуб, аз қабили  нашъамандӣ, майпарастӣ, маҳалгароӣ, омилҳои коррупсионӣ, ҷинояткорӣ дар байни ҷавононМуовинони декан оид ба тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣДар давоми соли таҳсилҲисобот
7.Ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим, ҷалби донишҷӯён ҷиҳати иштирок ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва ташкил намудани вохуриҳо  бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, чеҳраҳои шинохтаи илми кишвар, хатмкунандагони факултетМуовинони декан оид ба тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣДар давоми соли таҳсилҲисобот
8.Мусоидат намудан ба ҷалби донишҷӯён ҷиҳати пешбурди фаъолияти тарбиявии онҳо бо роҳи таъсис додани созмонҳои ҷамъиятӣ (Созмони ҷавонон, иттифоқи касаба ва дигар гурӯҳҳои ташаббускор)Муовинони декан оид ба тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣДар давоми соли таҳсилҲисобот
Бахши ҳамкориҳо  ва робитаҳои беруна
1.Вусъат додани ҳамкорҳои дуҷониба миёни олимони ҳуқуқшинос бо ҳамкоронии хориҷии онҳоМудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣДар давоми соли таҳсилҲисобот
2.Тақвияти ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ  ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дарёфти грантҳо ва бурсияҳо ҷиҳати пешбурди  фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣМудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣДар давоми соли таҳсилҲисобот
3.Бо мақсади дастрасии иттилоот ба аҳолӣ, мақомоти давлатӣ, донишҷуён, волидайн ва намояндагони қонунии онҳо, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии факултет, бознигарӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти сомона ва суроғаи электронии факултет дар шабакаи ҷаҳонии ИНТЕРНЕТМудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, масъули сомонаи факултетДар давоми соли таҳсилҲисобот
Муқаррароти хотимавӣ
1.Ҳисобот вобаста ба иҷрои бандҳои Нақша-чорабиниҳои  факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар соли таҳсили 2016-2017 ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»Муовинони декан оид ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалӣ, мудирони кафедраҳо ИюлҲисобот