Рӯзи 5-уми ноябри соли равон дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи падару модарони донишҷӯёни курси якуми гурӯҳҳои низоми таҳсилоти кредитӣ ва муносибати байналхалқӣ (ҳуқуқ) баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки дар шароити кунунии рушди давлатдорӣ бо назардошти омилҳои гуногун зарурияти омода намудани ҳуқуқшиносони насли муосир, ки ҳаматарафа аз донишҳои ҳуқуқӣ бархурдор буда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пос доштани арзишу суннатҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат, гиромидошти тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистон тарбия ёфтаанд, ба миён меояд. Ҳуқуқшиносони насли муосир бояд нафароне бошанд, ки ҷиҳати таъмини адолат, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амният дар кишвар ҷидду ҷаҳд дошта бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми сентябри соли 2016 дар суханронии худ дар Донишгоҳи давлатии Данғара чунин таъкид намуда буданд: «Бо истифода аз ҳузури донишҷӯён, яъне ҷавонон мехоҳам хотирнишон намоям, ки мо бо мақсади ба камол расонидани наслҳои соҳибмаърифату тарбиятдида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намудем, инчунин, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйирот ворид сохта, масъулияти омӯзгор, падару модар ва ҷамъиятро нисбат ба тарбияи фарзанд ва ҷавобгарии фарзандро доир ба нигоҳубини падару модар дар давраи пиронсолӣ муҳим шуморидем».
Аз ин рӯ, баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои муайянгардида, омӯзгорони факултет кӯшиш менамоянд, ки дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия як қатор корҳоро анҷом диҳанд. Волидайни мӯҳтарам! Мо аз Шумо самимона хоҳиш менамоем, ки нисбат ба тақдири фарзандони худ бепарвогӣ зоҳир накарда, оид ба паҳлӯҳои гуногуни таълиму тарбияи фарзандатон ба факултет ҳозир шавед. Ҳамзамон дар робита ба ин масъала бо сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ва дигар шахсони масъули садорат дар тамос шавед. Мо ҳама гуна андешаҳое, ки дар ростойи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва такмили фаъолияти факултет аз ҷониби Шумо волидайни муҳтарам иброз мегарданд, қабул хоҳем дошт.
Сипас муовини декан оид ба таълим Камолзода Илҳом Икром падару модарони донишҷӯёнро хайрамақдам гуфт. Мавсуф ба ҳозирин дар хусуси вазъи кунунии ҳаёти талимӣ ва риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ ахбор манзур намуд. Аз ҷумла, таъкид намуд, ки боло бардоштани сатҳу сифати дониши донишҷӯён ва сифати таълиму тарбия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти факултет ба ҳисоб рафта, ҳайати профессорону омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ тамому кушишу фаъолияти хешро баҳри ноил гаштан ба ин ҳадафҳои нек равона кардаанд. Ҳамзамон номбурда волидайнро ба мазмуну моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои зерқонунии танзимкунандаи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишҷӯ шинос намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар боби назорати рафтору одоби фарзандонашон бо дарки масъулияти баланд муносибат намоянд.
Инчунин аз ҷониби муовини декан оид ба тарбия дар низоми таҳсилоти кредитӣ ва муносибати байналхалқӣ (ҳуқуқ) Саъдиев И.З. оид ба вазъи иштироки донишҷӯёни иқтисосҳои зикршуда ба дарс, шурӯъ аз оғози моҳи сентябр то кунун, натиҷаҳои холгузории рейтинги якум, асосҳои ҳуқуқии ба ҷавобгарии интизоми кашидани донишҷӯён бо истифода аз слайдҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Садорати факултети ҳуқукшиносӣ ҳамчунин шароит фароҳам овардааст, ки падару модарони донишҷӯёне, ки дар шаҳру ноҳияҳои дурдасттарини кишвар истиқомат менамоянд бо тариқи телефонӣ ва суроғаи электронии факултет (ur.tj@mail.ru) аз аҳволи фарзандони худ бохабар бошанд.