Дар баробари рушду пешрафти ҳама гуна илму маърифат дар замони соҳибистиқлолӣ илмҳои ҳуқуқшиносӣ рушду нуму кард. Бе шак рушду нумуи илми ҳуқуқшиносӣ, пеш аз ҳама, мадюни донишмандону ҳуқуқшиносони тоҷикест, ки бо ҳама нишебу фарозҳои оғози истиқлол такя бо роҳнамоиҳову ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд илмҳои ҳуқуқшиносиро дар маснади баланде ҷойгузин намоянду бо дастовардҳои муосиру арзишҳои миллӣ ороста созанд. Воқеан, донишмандони ҳуқуқшинос занҷирае байни ҷомеа ва мақоми қонунгузорӣ маҳсуб мешаванд, чун онҳо қонуниятҳои объективии ҷомеаро таҳқиқу ошкор карда, ба қонунгузор баҳри танзими ҳаматарафа ва самаранок пешкаш менамоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки маҳз дар замони соҳибистқлолӣ тадриси ҳуқуқи ҷиноятӣ дар ДМТ ба роҳ монда шуд ва дар ин ҷо месазад, пеш аз ҳама, хидматҳои яке аз асосгузорони илми ҳуқуқи ҷиноятӣ дар ҷумҳурӣ доктори илми ҳуқуқ, профессор Шарипов Тақдиршоҳ Шарифовичро, ки имсол дар 60-умин баҳори умри худ қадам мегузорад, ёдовар шуд.
Профессор Шарипов Тақдиршоҳ Шарифович 14 ноябри соли 1956 дар ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-и вилояти Хатлон ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна ба хидмати аскарӣ даъват шудааст ва солҳои 1975- 1978 дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС барои ҳифзи Модар-Ватан хидмат кардааст.
Соли 1980 ба факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, соли 1985 онро бомуваффақият хатм намудаст. Бо назардошти доштани дониши воло ва малакаву истеъдоди баланди соҳа Шарипов Т. бо қарори Комиссиия тақсимоти мутахассисон дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ба ҳайси ассистент ба кор қабул гардидааст. Ба ин тартиб солҳои 1989 -1992 нахуст ба ҳайси коромӯз, баъдан ба сифати аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии ДДМ ба номи М.В. Ломоносов фаълоият намудааст.
Бо ифтихор метавон ёдовар шуд, ки Шарипов Т.Ш. аз аввалин шахсиятҳое мебошанд, ки 25 декабри соли 1992 рисолаи номзадии худро пеш аз муҳлат дар мавзӯи «Шартан маҳкумкунӣ», зери роҳбарии доктори илми ҳуқуқ, профессор Ю.М. Ткачевский дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ҳимоя намуд. Натиҷаҳои таҳқиқоти Шарипов Тақдиршоҳ дар Кодекси модели ҷиноятии Давлатҳои муштаракулманофеъ ва дар аввалин Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон соли 1998 ба таври густарда истифода шудааст. Бо иштироки бевоситаи ин олими шинохта қонунгузории ҷиноятии ватанӣ бо назардошти талаботи рӯзмарраи ҷомеа давра ба давра такмил ёфта, имрӯз дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба таври самаранок истифода мегардад.
Устод Шарипов Т. солҳои 1994 – 1995 ба ҳайси аъзои гурӯҳи корӣ ҷиҳати омода намудани Кодекси Моделии ҷиноятии кишварҳои ИДМ фаъолият намуда, ҳамзамон яке аз фароҳамсозони Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон соли 1998 ба шумор меравад. Маҳз ҳамин хидматҳои Шарипов Т. буд, ки аз 4 сентябри соли 1998 бо Фармони Президенти Тоҷикистон бо унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумхурии Тоҷикистон» гардонида шуданд.
Профессор Шарипов Т.Ш. таҳқиқоти худро дар самти шартан озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ давом дода, 11 ноябри соли соли 2008 дар Донишгоҳи давлатии Москва рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Шартан озод намудан аз адои ҷазо: масоили назариявӣ, қонунгузорӣ ва амалия (аз рӯйи маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ҳимоя карда, натиҷаҳои ин таҳқиқот дар такмили институти озод намудан аз адои ҷазо, амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва омода намудани мутахассисони ҳуқуқшинос ба таври васеъ истифода мегардад.
18 августи соли 2011 бошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби унвони «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидаанд. Профессор Т.Ш. Шарипов аз соли 1995 узви гурӯҳи кории назди Президенти ҶТ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ, узви Шӯрои илмию машваратии назди Суди Олии ҶТ мебошанд. Ҳамзамон, профессор Т.Ш. Шарипов дар баробари узви Комиссияи доимоамалкунандаи такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва тадрису тайёр намудани васоити таълимӣ ба забони давлатӣ боз соҳибмактаб ҳастанд. Мактаби илмии устод дар давраи истиқлолият аз пурмаҳсултарин мактабҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноятии ватанӣ ба шумор меравад.
Осори илмию таълимӣ, методиву тадқиқотии профессор Т. Шарипов аз 250 номгӯ бештараст. Устод муаллифи китобҳои дарсӣ аз фанни ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба забони давлатӣ мебошад.
Дар баробари тадрису фаъолиятҳои ҳуқуқшиносӣ профессор Шарипов Тақдиршоҳ дар тарбия ва омода намудани номзадҳову докторони илм нақши муассир доранд. Чунончи бо дастгирӣ ва роҳбарии ин олими шинохта 8 нафар дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Руссия рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд.
14 ноябри соли ҷорӣ профессор Т.Ш. Шарипов ба синни мубораки 60 қадам мегузорад. Аҳли садорат, кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва кулли устодону шогирдони факултети ҳуқуқшиносӣ профессор Шарипов Тақдиршоҳ Шариповро ба муносибати ин ҷашни муборак табрику таҳният гуфта, ба эшон саломатӣ, офияти рӯзгор ва комёбиҳои нав ба навро орзуманданд.