Дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлат, нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллати мо маҳсуб ёфта, дар мамлакат ҳар сол санаи 24 ноябр чун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлолият буда, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбуёду фарҳанги мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос менмояд.
Ба ин маънӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».
Аз ин рӯ, Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар симои онҳо тамоми шаҳрвандони ватани маҳбубамонро ба ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору сарфарозӣ самимона табрик гуфта, барояшон саодатмандию пирӯзӣ, саломативу хушбахтӣ ва амалишавии ҳадафҳои неку созандаро ба умеди рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол орзу менамояд.
Парчами мо
Тоҷикистони азизам, ҷашн дорад рӯзи Парчам,
Парчаме, ки халқи моро гирди худ бинмуда сарҷамъ,
Парчаме, ки аз ниёгони ману ту як нишон аст,
Парчаме, ки аз ману ту ёд баҳри ворисон аст.
Ганҷ ва ҳам ранҷи ниёгон дар симои он аён аст,
Покии ботини халқам дар сафедияш баён аст,
Мо ҳаёти хуррами худро абад, бо сабз гуфтем,
Парчами худро ба ин маънӣ, баланд афрохтем.
Парчами мо ҳастии моро шуоъ аст,
Тоҷикистони азизро он шинохти бекалом аст,
Парчами мо ин сутуни ваҳдати мост,
Ифтихори халқ, рамзи истиқлоли давлати мост.
Гирди парчам мо ватандор, мо бародар, ҳамдиёрем,
Зери парчам муттаҳид, сӯи умед мо раҳсипорем.