Дар заминаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 9-уми декабри соли равон бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҷиноятҳо ба муқобили моликият ва муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Боиси хушнудист, ки дар кори конференсия олимони маъруфи ватанӣ, вакилони мардумӣ, судяҳо, прокуророн, муҳаққиқон, аспирантон, мутахассисони варзидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд. Кори конференсия бо оғозсухани декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. ифтитоҳ ёфта, сипас дар қисмати пленарии он сухани ифтитоҳии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҷидзода Ҷ.З. шунида шуд.
Зимни ироаи сухани ифтитоҳии хеш декани факултети ҳуқуқшиносӣ Раҳмон Д.С. ҳузури мубораки ҳамаи иштирокчиёнро ба кори конференсия хайру мақдам гуфта, ба Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ барои мусоидат, дастгирӣ ва ташкил намудани чунин як чорабинии илмии сатҳи баланд изҳори сипос намуд. Ҳамзамон мавсуф зикр намуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Дарёфти роҳи пурсамар ва такмилёфта дар самти мубориза ба муқобили коррупсия ва ҷиноятҳо ба муқобили моликият ба болоравии обрӯ ва нуфузи давлат ва мақомотҳои он мусоидат менамояд.
Дар баромади худ Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷ.З. миннатдорӣ ва самимияти бепоёни хешро ҷиҳати ташкил ва баргузории чунин як чорабинии муҳим иброз намуда, таъкид карданд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳор намуданд, ки коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад, ба рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад. Гузашта аз ин коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. Пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар оянда низ яке аз самтҳои аввлаиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад.
Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сафарзода А.И. баромад намуда, изҳори сипоси худро ба ҳамаи иштирокчиён барои ширкат дар кори конференсия баён намуд. Мавсуф зикр намуд, ки тадқиқотҳои илмӣ шаҳодат медиҳанд, ки коррупсия дар ҳар давру замон дар кулли давлатҳои мавҷуда дар сатҳои мухталиф ҷой доштааст. Лозим ба ёдоварист коррупсия дар радифи дигар зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ, ҳамчун коҳишдиҳандаи реҷаи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, адолат ва боварии мардум ба давлат мегардад. Аз ин рӯ, дастаҷамъона мубориза бурдан бо омилҳои коррупсионӣ ва анҷом додани ҳамагуна чораҳои қонунӣ баҳри пешгирии он метавонад ба рушди босуботи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Сипас кори конференсия аз рӯйи барномаи кории таҳияшуда оғоз шуд. Тамоми маърӯзачиён имкон пайдо намуданд, ки андешаву назар ва тавсияву таклифҳои судманди хешро оид ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи мавриди назар иброз намоянд. Дар ин конференсия донишмандону олимони ватанӣ иштирок ва бо маърузаи илмӣ баромад намуданд.
Дар умум дар конференсия муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҳуқуқии кишвар, аз қабили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди қонунгузории ҷиноятӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳо ба муқобили моликият мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни музокираҳо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои кори конференсия барои такмили низоми ҳуқуқии кишвар дар самти мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳо ба муқобили моликият аз ҳар ҷиҳат муфид ва самарабахш хоҳад буд. Пас аз анҷоми кори конференсия зимни қабули қатънома қарор карда шуд, ки таклифу тавсияҳо ва пешниҳодҳои илман асосноку судманд ҷиҳати такмили қонунгузории амалкунанда ба сохторҳои дахлдор ирсол карда шавад.