Садорат, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо андуҳи зиёд хабар медиҳанд, ки дар синни 80-солагӣ қалби яке аз шахсиятҳои барҷастаи илми ҳуқуқшиносӣ, олими варзида, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиӣ Ҷабборов Раҳмон Ҷабборович аз тапидан боз монд.
Дар воқеъ саҳми устоди равоншод Ҷабборов Раҳмон Ҷабборович дар ҷодаи тарбияи мутахассисони болаёқати ҳуқуқшинос, кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ва корҳои илми таҳқиқотӣ беназир буда, барҳақ яке аз мутахассисони илми ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи замин ва ҳуқуқи кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт. Марҳум муаллифи беш аз 50 корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошанд.
Аз ин рӯ, садорат, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабари марги устод Ҷабборов Раҳмон Ҷабборовичро бо андӯҳи зиёд дарёфта, ба пайвандон, хешу ақрабо, шогирдон ва наздикони марҳум изҳори тасаллият ва ҳамдардии самимӣ баён намуда, аз даргоҳи Яздони пок барои онҳо сабри ҷамилро хоҳонанд.
Корҳои нек, амалҳои шоиста, хизматҳои самимӣ ва асарҳои безаволаш марҳум Ҷабборов Раҳмон Ҷабборовичро миёни шогирдону ҳамкасбон ҷовидона нигоҳ медоранд.
Ба ин маънӣ бузургони мо бамаврид ишора кардаанд:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.