Бо чунин ном нимаи аввали рӯзи 19.05.2017 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Соли ҷавонон» бо иштироки доираи васеъи омӯзгорону аспирантон, олимон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, иброз доштанд, ки санаи 22-юми декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро «Соли Ҷавонон» эълон намуданд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Зимни сухани муқаддимавии хеш, намояндаи Раёсати ДМТ, сардори Раёсати илм ва навоварии техникӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Қурбонализода Н.Ш. ҳозиринро аз номи роҳбарияти Донишгоҳ табрик гуфта, барои ташкил намудани чунин як ҳамоиши илмии муфид ва саривақтӣ ба ташабускорон изҳори сипос намуд. Умед карда шуд, ки натиҷаҳои мизи мудаввар барои боло бурдани масъулияти хештаншиносиву ватанпарастии ҷавонон ва нақши онҳо дар густариши ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа муфид хохад буд.
Сипас, аз рӯи барномаи мизи мудаввар маърузаҳои устодони ҷавони факултет Саъдиев Исмоил – ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ дар мавзӯи «Заминаҳои ҳуқуқии дастгирии давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Миралиев Эмомалӣ – ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар мавзӯи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Икандаров Шараф – ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар мавзӯи «Понятие и виды институтов по правам человека»; Соҳибов Зайниддин – ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи «Сиёсати ҳуқуқи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Саломов Исроил – ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ дар мавзӯи «Нақши пешвои миллат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон» ва Қурбонзода Беҳрӯз – аспиранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар мавзӯи «Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба иттиҳодияҳои экстримистӣ» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти мавзӯҳои худро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои зикргардидаро асоснок намуданд.
Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавобҳо ва музокираҳои тулонӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаи баррасишаванда дар музокира устодон Раҳмон Д.С., Азизов У.А., Искандаров З.Х., Соҳибов М., Сафарзода А.И., ва дигарон баромад намуда, оид ба паҳлӯҳои мухталифи мавзӯҳои баррасишаванда фикру ақидаҳои худро иброз доштанд.
Дар фарҷоми кори мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ кулли иштирокчиён иброз намуданд, ки дар шароити муосир бо назардошти таъсири амиқи омилҳои ҷаҳонишавӣ дар соҳаи илм ва фарҳанг, тафовути фарҳангӣ-тамаддунии олами шарқу ғарб, проблемаҳои мувофиқкунонии андеша, назария ва арзишҳои ғарбгароёна ба муҳити миллии фарҳангӣ ва ҳаёти ҳуқуқӣ, зарурияти анҷом додани корҳои арзишманд ва тарбия ҷавонони лаёқатмандро руйи кор меорад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунии рушди давлатдорӣ тарбия намудани ҳуқуқшиносони насли муосир, ки ҳаматарафа аз донишҳои ҳуқуқӣ бархурдор буда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пос доштани арзишу суннатҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат, гиромидошти тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистон тарбия ёфтаанд, амри муддаост.