Ҳидоят ва роҳнамоиҳои устоди собиқадор ба ҷавонон

        Бахшида ба таҷлили «Соли Ҷавонон» ва дар арафаи «Рӯзи ҷавонон» нимаи дуюми рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохурии устодону донишҷӯёни факултет бо Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Тоҳиров Фозил доир гардид. Вохуриро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки вохӯрии имрӯза басо рамзӣ буда, дар пайи дастуру супоришҳо ва сиёсати хиратмадонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Аз ҷумла Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».

     Мавсуф иброз намуданд, ки Тоҳиров Фозил яке аз устодони соҳибтаҷрибае мебошанд, ки мактаби ҳуқуқиашон самараи беҳамто дорад. Устод дар тайёр намудани ҳуқуқшиносони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо доранд. Зери роҳбарии он кас 9-то доктори илм ва 33-то номзади илм рисолаҳои илмиро дифоъ намуданд. Нақши устод дар нуфузи илми ҳуқуқшиносӣ назаррас мебошад. Дар рӯзҳои вазининтарини халқи тоҷик ба сифати Ректори Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон кору фаъолият кардаанд. Новобаста аз оне, ки устод дар мансабҳои гуногун аз он ҷумла ректори ДДМТ (1990 – 1995), саркотиби илмии Академияи илмҳои ҶТ (1995 -2006) ва директори Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ (аз соли 2006) фаъолият намуданд, робитаашонро бо факултет қавӣ нигоҳ доштанд. Айни ҳол профессор-машваратчии кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносӣ ДМТ мебошанд.

      Сипас, Тоҳир Фозилов суханронӣ намуда, ҳозиринро бахшида ба «Соли ҷавонон» ва фарорассии «Рӯзи ҷавонон» табрику таҳният гуфта, барои ташкил намудани чунин як вохӯрӣ ба ташаббускорон изҳори сипос намуданд. Ёдовар гардидаанд, ки худ дастпарвари факултети ҳуқушиносӣ мебошанд. Таъкид намуданд, ки дустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ эҳтироми устодон вазифаи яко яки донишҷӯён мебошад. Дар давраи фаъолият намудан ҳамчун омӯзгор устод бо омӯзгороне кору фаъолият намуданд, ки номи онҳо дар таърих абади боқӣ монд. Дар хусуси сафарҳояшон ба хориҷа ва дохили ҷумҳурӣ нақл намуданд, ки писанди ҳозирин гардид.

     Мавзӯи «Нақш ва мақоми конститутсия дар тарбияи ҷавонон» масъалаи марказии сӯҳбати устод буд. Оиди ҷанбаҳои муассири Конститутсия баромад намуда, қайд доштанд, ки худ дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, чи донишу малакае, ки доштанд баҳри мукамалгардии он дареғ надоштанд. Конститутсияи Тоҷикистон шиносномаи давлати Тоҷикистон ва муаррифкунандаи миллати тоҷик дар ҷаҳон мебошад. Ормонҳои халқи Тоҷикистон дар Конститутсия таҷассум гардидааст. Оиди гуногунандешӣ иброз намуданд, ки бояд созанда ва пешниҳодҳо хайрхоҳона бошад. Ҳамин тавр, аз солҳои донишҷӯӣ, аспирантӣ, докторантӣ, роҳбарӣ ва омӯзгории худ ёдовар шуда, ба ҳозирин маслиҳатҳо ва роҳнамоҳои муфидро пешниҳод намуданд.

     Дар охир миёни донишҷӯёну устодон ва Академик Тоҳиров Фозил музокира сурат гирифт. Устодону донишҷӯён аз вохӯрӣ қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки пайравони чунин устодони комил, олимони соҳибтаҷриба ва инсони соҳибэҳтиром мегарданд.

     P.S.: Лозим ба ёдоварист, ки «мактаби илмии академики АИ ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Фозил Тоҳиров аз пурмаҳсултарин мактабҳои илми ин соҳаи ҳуқуқ мебошад, ки ба таҳқиқи масъалаҳои назария ва рушди таърихии ҳуқуқ иртибот дорад. Ў солҳои 1967-1995 ба сифати лаборант, муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба (1969-1972), ноиби ректор оид ба таҳсили шабона (1972-1973), муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ (1986-1990) ва солҳои 1990-1995 ба ҳайси ректори ДМТ фаъолият кардааст.

   Ў пас аз таҳсил дар аспирантураи донишгоҳ соли 1971 рисолаи номзадӣ ва соли 1988 рисолаи докториашро дифоъ намудааст. Доираи таҳқиқоти илмии мавсуф низоми ҳуқуқии Тоҷикистони тоинқилобӣ ва ташаккули ҳуқуқи шӯравиро дар ҷумҳурӣ дар бар мегирад. Ў яке аз олимони сермаҳсули ҳуқуқшинос буда, зиёда аз 250 номгӯӣ осори илмӣ, таълимию методӣ, китоби дарсӣ ва мақолаи илмӣ ба табъ расонидааст. Асарҳои олим – «Ташаккули ҳуқуқи шӯравӣ дар Тоҷикистон» (1994), «Низоми ҳуқуқии Тоҷикистони тоинқилобӣ» (1998), «Низоми ҳуқуқии ҶМШС Тоҷикистон» (1988), «Шариат ва танзими муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ» (бо ҳаммуаллифӣ, 1999, ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ), китобҳои дарсии «Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон» (2001), «Таърихи давлат ва ҳуқуқи дунёи қадим» (2003), «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ» (2004, 2007, дар 2 ҷилд) ва ғайра дар доираҳои илмӣ эътирофи комил пайдо кардаанд.

    Ў зиёда аз 45 сол аст, ки ба донишҷӯёни факултети ҳуқуқ аз фанни «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ» дарс мегӯяд. Дар мактаби илмии профессор Ф. Тоҳиров се самти асосии пажӯҳиш – таърихи ҳуқуқ ва давлат, назарияи ҳуқуқ ва давлат ва таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат афзалият дорад. Дастовардҳои илмии ин мактаб дар доираҳои илмии ватанӣ ва кишварҳои хориҷӣ эътироф шудаанд. Таҳти роҳбарии ӯ 33 нафар аспиранту унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. Бо нишони «Аълочии-маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Барои меҳнати шоён», медали ҷашнии «10-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии ҶТ» ва унвони ифтихории «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст». [Иқтибос аз китобӣ: Маҳмадюсуф Имомзода, сафармамад Сафармамадов, Ҳафиз Раҳмон, Қаҳҳори расулиён. 25 зинаи камолот (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масири истиқлолият). Душанбе: Андалеб Р, 2016]