Бо чунин ном санаи 26.05.2017 сол дар заминаи кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, 2018-2028» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бо иштироки доираи васеъи омӯзгорон ва кормандони факултет, кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ҳусни оғоз бахшида, иброз намуданд, ки бо ташаббус ва иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид. Қатъномаи мазкур мисли ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон дар мавзӯи об дар Маҷмаи Умумии СММ дастгирии ҳамаҷониба ёфта, бо иттифоқи оро қабул гардидани он аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, такмили қонунгузории амалкунанда ва ҳуқуқи обистифодабарии шаҳрвандон саҳми арзишманд гузошта, мақсади нави стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, ки ба хотири ҳаёт ва инсоният равона шудааст. Ҳамагон хуб дарк менамоянд, ки об дар ҳастии инсоният мавқеи хосаро ишғол намуда, ҳамчун дурри гаронбаҳо маънидод мегардад. Зеро об ин худи ҳаёт, рушд, тараққиёт, пешрафт ва ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Бори дигар ҳамаи Шумо иштирокчиёни конференсияи имрӯзаро бо қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» табрику таҳният намуда, дар анҷом додани амалҳои созанда баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон барору комёбиҳо таманно менамоям.
Сипас, аз руи барномаи конференсия маърузаҳои меҳмонон ва устодони факултет шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти мавзӯҳои худро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро дар заминаи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, 2018-2028» асоснок намуданд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки аз тарафи шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани даҳсолаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.
Зимни музокираҳо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои кори конференсия барои такмили қонунгузории обии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат муфид ва самарабахш хоҳад буд. Пас аз анҷоми кори конференсия зимни қабули қатънома қарор карда шуд, ки таклифу тавсияҳо ва пешниҳодҳои илман асосноку судманд ҷиҳати такмили қонунгузории амалкунанда ба сохторҳои дахлдор ирсол карда шавад.