Баргузории чорабинии илмии сатҳи баланд дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ!

    Рӯзи 15-уми июни соли 2017 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба «20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ» ба кори худ оғоз намуда, санаи 16-уми июни низ идома ёфт. Боиси сарфарозист, ки дар кори конференсия олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, вакилони мардумӣ, судяҳо, прокуророн, муҳаққиқон, аспирантон, мутахассисони варзидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, доираҳои академӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд. Кори конференсия бо оғозсуханони ректори ДМТ, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода М.С. ва декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. ифтитоҳ ёфта, сипас дар қисмати пленарии он суханони ифтитоҳии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сафарзода Б.А. шунида шуданд.

    Зимни ироаи сухани ифтитоҳии хеш Ректори ДМТ Имомозода М.С. ҳузури мубораки ҳамаи иштирокчиёнро ба кори конференсияи байналмилалӣ хайру мақдам гуфта, ба садорати факултети ҳуқуқшиносӣ барои ташкил намудани чунин як чорабинии илмии сатҳи баланд изҳори сипос намуд. Мавсуф ваҳдати миллиро яке аз арзишмандтарин ва нодиртарин дастоварди миллати тоҷик дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бо сарварии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон кард.

    Дар баромади худ декани факултети ҳуқуқшиносӣ Раҳмон Д.С. миннатдорӣ ва самимияти бепоёни хеш ва садорати факултетро ба ҳозирин барои пазироии даъват ва иштирокашон дар кори конференсия иброз намуда, барояшон тансиҳатӣ, рӯзгори босаодат, хушҳоливу хушрузӣ ва ба кори конференсия фаъолияти босамар ва бурдбориро таманно намуд. Номбурда изҳор дошт, ки дар воқеъ таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тассавур кардан имконнопазир аст. Бояд эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист ба ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки ғуруру ҳуввияти баланди миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад. Дар заминаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз, роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаву сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсадноки фарзанди содиқу вафодори миллат – Сарвари маҳбуби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуд ва аз ҳама муҳим дар кишвар сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъмин гашт.

    Сипас кори конференсия аз рӯйи барномаи кори таҳияшуда оғозшуда то соати 15.00 идома ёфт. Тамоми маърӯзачиён имкон пайдо намуданд, ки андешаву назар ва тавсияву таклифҳои судманди хешро оид ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи мавриди назар иброз намоянд. Дар баробари донишмандону олимони ватанӣ, ҳамзамон дар конференсия мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москав ба номи М.В. Ломоносов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Авакьян Сурен Адибекович иштирок ва бо маърузаи илмӣ баромад намуд. Зимни музокираҳо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт.

     Дар умум конференсия ба як ҳаммоиши ҳамрайъию ҳамдилии иштирокдорон табдил ёфт. Дар фарҷом даъват баамал оварда шуд, ки пас биёед ҳамдиёрону дӯстони азиз дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Тоҷикистони азиз, Пешвои муаззами миллат барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободию пешрафти кишварамон содиқонаву софдилона хизмат намоем.