20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод ҳамдиёрони азиз!

      Имрӯзҳо дар тамоми гушаю канори Ватани маҳбубамон бузургтарин, беназиртарин ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик дар интиҳои қарни гузашта, муқаддастарин ҷашнвораи миллии замони соҳибихтиёрии давлатӣ – 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби кулли сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил шуда истода, дар ин самт корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо кардаанд. Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз 20 сол муқаддам, санаи 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москави Федератсияи Россия дар натиҷаи боло гирифтани хиради азалии мардуми тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд.

      Дар воқеъ ба имзо расонидани ин санади муҳими сарнавиштсоз сабабгори ба вуқӯъ пайвастани таҳаввулоту дигаргуниҳои азим ва рӯй овардан ба ҳаёти осоиштагӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ гашт. Маҳз аз самараву баракати Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пурифтихореро тай намуда, дар самти таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, сулҳу ваҳдати комил, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими рукнҳои асосии давлатдорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ба комёбиҳои бузург мушарраф гаштааст. Дар воқеъ таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст.

      Маҳз бо шарофати хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихии ин абармарди бузурги саҳнаи сиёсат дар самти таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавии миллату заволёбии давлат бо дастгириву ташаббусҳои бевоситаи халқи Тоҷикистон якдилона бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат ба ӯ мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат лоиқ дониста шуда, аз тариқи қонун танзими ҳуқуқӣ пайдо кард. Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд. Бовар дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳанд гирифт.  

     Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш садорати факултети ҳуқуқшиносӣ тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, барояшон саломативу хушрӯзӣ, ҳаёти осоиштаву пурсаодат ва саршор аз меҳру муҳаббатро ба нафъи пешрафти кишвари маҳбуб таманно менамояд.