Санаи 1-уми июли соли 2017 дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи бошукуҳи тантавӣ ба ифтихори супоридани дипломҳои аълочӣ ба хатмкунандагони шӯъбаҳои рӯзона, ғоибона ва таҳсилоти дуюми олии соли хатми 2017 баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур роҳбарияти донишгоҳ, деканони факултетҳо, падару модарон ва намояндагони қонунии хатмкунандагон ва дигар меҳмонони расмӣ ҳузур доштанд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомзода М.С. ҳусни оғоз бахшида, нахуст довталабонро ба муносибати сазовор шуданашон ба дипломи аълочӣ самимиона табрику шодбош гуфта, ин дастоварди онҳоро дар соли 2017, ки соли ҷавонон эълон шудааст иқдоми нек ва шарафи бузург номид.
Хурсандибахш аст, ки соли равон 36 нафар хатмкунандагони (28 нафар – шӯъбаи умумӣ, 3 – нафар шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ(ҳуқуқ) ва низоми таҳсилоти кредитӣ, 3 – нафар шӯъбаи ғоибонаи маълумоти дуюми олӣ, 2 – нафар шӯъбаи ғоибона маълумоти якум) факултети ҳуқуқшиносӣ ба гирифтани дипломи аълочӣ мушарраф гаштанд.
Пас аз анҷоми маросими расмии супоридани дипломҳои аълочӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомзода М.С. аз хамткунандагон даъват баамал овардаанд, ки дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Тоҷикистони азиз, Пешвои муаззами миллат барои ободию пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, хифзи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои истиқлолияти давлатӣ содиқонаву софдилона хизмат намоянд.