ТАБРИКОТ БА МУНОСИБАТИ «РЎЗИ ДОНИШ»

/ 31.08.2017 /

    Устодону ҳамкорон ва шогирдони азизу меҳрубон!

    Боиси ифтихору хушнудист, ки ҳамасола дар кишвари маҳбубамон рӯзи 1-уми сентябр ҳамчун «Рӯзи дониш» дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни фархунда бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30-юми августи соли ҷорӣ дар бинои нави маъмурӣ-таълимии Академияи ВКД ҶТ дарси сулҳу дониш баргузор гардид. Пешвои муаззами миллат фарорасии рӯзи дониш ва соли нави таҳсили 2017-2018-ро ба кули ҳамватанонамон самимона шодбош гуфта, аз насли ҷавону ояндасоз таҳсили хубу аъло, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ, ҳарчӣ бештар мароқ зоҳир кардан ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва хизмати содиқонаву самимонаро ба Тоҷикистони азиз даъват ба миён оварданд.

    Воқеан мо аз он шукргузорем, ки дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати ҳадафмандонаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои арзанда барои аз бар кардани донишҳои замонавӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамзинаҳои таҳсилот муҳайё карда шуда, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар эътироф гардидааст.

    Аз он хурсанду сарфарозем, ки дар шароити сулҳу субот, оромию ваҳдати миллӣ бо чеҳраҳои кушодаву рухсораҳои болида ва қалби лабрез аз меҳру муҳаббат ва шодию нишоти беандоза ба ояндаи неки сарзамини аҷдодиамон боз ба дидори ҳам расида, Рӯзи донишро истиқбол мегирем.

   Моро месазад, ки ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати кишвар ба хотири таъмини пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона меҳнат кунем, хубу аъло таҳсил намоем, арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллиро ҳифз намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва аз давлати соҳибихтиёрамон ифтихор дошта бошем.

  Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли омӯзгорону профессорон, кормандону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ифтихори фарорасии «Рӯзи дониш» ва соли нави таҳсили 2017-2018 самимона табрику шодбош гуфта, барояшон иқболу саодатмандӣ, тансиҳативу хушрӯзӣ, дастовардҳои нави илмию таълимӣ, хониши хубу аъло ва хизмати арзандаву шоистаро ба нафъи гиромидошти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таманно менамоем.

Бо эҳтиром, садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

P.S.:Мувофиқи Қарори ҷаласаи Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1-уми сентябр, ки ҳамзамон Иди Саиди Қурбон ба ин рӯз рост омадааст ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истироҳатӣ мебошад, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон рӯзи корӣэ ълон карда шуд.

Ба маълумоти донишҷӯёни факултет расонида мешавад, ки рӯзи 1-уми сентябр дарсҳо тибқи ҷадвали пешакӣ тасдиқ гардида ба роҳ монда мешаванд. Бинобар ин аз онҳо хоҳиш карда мешавад, ки иштироки худро дар дасрҳо таъмин намоянд.