Истиқлолият заминаи эҳёи қонунгузории миллӣ!

      Санаи 05.09.2017 сол дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истиқлолият заминаи эҳёи қонунгузории миллӣ» бахшида ба 26-умин солгарди таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки доираи васеи омӯзгорону аспирантон, олимон, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории мизи мудаввар гузориш доданд. Аз ҷумла мавсуф иброз намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ яке аз ҷашнвораҳои арзишмандтарин ба ҳисоб рафта имрӯз ба рамзи ягонагии миллати тоҷик, баҳамоии қишрҳои гуногуни ҷомеа, марҳилаи нави эъмори давлати миллии тоҷикон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу суббот, оромию осудагӣ ва ба саҳифаи нав дар таърих табдил ёфтааст. Бо пойдории Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, асосҳои конститутсионии ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ такмил ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтар гашта истодааст. Сипас, аз рӯйи барномаи мизи мудаввар маърӯзаҳои устодону аспирантони факултет ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Гадоев Б.С. номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи «Соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги халқи Тоҷикистон»; Қодиров Д.С. номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар даврони истиқлолияти давлатӣ»; Соибов З.М. ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи «Шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии мақомоти марказии иҷроия дар Тоҷикистон»; Ғанизода У.Ғ. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ дар мавзӯи «Нақши адвокатҳо дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеа: мушкилот ва вазифаҳо»; Қурбонзода Беҳрӯз аспиранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм зуҳуроти хатаровар ба истиқлолияти давлатӣ» шунида шуданд.

        Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда иштирокчиён баромад намуда, таклифу андешаҳои судманд пешниҳод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки таҳкими Истиқлолияти давлатӣ аз муттаҳидӣ, якдиливу якпорчагии Тоҷикистон маншаъ гирифта, нақши ин рӯйдоди таърихӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии мо муҳим ва бузургмебошад. Аз ин рӯ, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ин неъмати муқаддасро ҳамчун гавҳараки чашм эмин нигоҳ доранд.