Дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид!

     Санаи 22-юми декабри соли 2017 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардид. Чун ҳамасола дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рузи 26.12.2017 дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеъи омӯзгорон, олимон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин зарурат ва аҳамияти баргузории конференсияи мазкурро фаҳмонида доданд. Аз ҷумла иброз намуданд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиву саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурурстӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Дар ин самт факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки омӯзиши нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар ҷаласаи васеи ҳайати устодону кормандони факултет ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои он нақша – чорабиниҳои факултетро таҳия, тасдиқ ва ба мавқеи иҷро вогузор намояд.

      Ҳамчунин дар кори конференсия Сардори Раёсати илм ва навоварии техникии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Қурбонализода Нурулло иштирок ва вобаста ба мавзӯи баррасишаванда иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Сипас, аз руи барномаи конференсия маърузаҳои устодони факултет Раҷабов М.Н. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзуи «Паём таҷассумгари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Сангинов Д.Ш. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзуи «Нақши Паёми Пешвои миллат дар рушди фаъолияти саёҳӣ» шунида шуданд.

      Одиназода Р.С. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони илм ва маорифи ҶТ, Ойев Х. –номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Сулаймонов Ф.С. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Қурбонов Қ.Б. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Соҳибов М.М. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Қудбуддинов Ф.Ш. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқи замин дар партави Паёми имсола ибрози андеша намуданд.

     Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки тақвият бахшидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ҷавонон, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, татбиқи «иқтисодиёти сабз», фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, таъмини волоияти қонун, ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об яке аз масъалаҳои марказии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд, ки зарурияти анҷом додани корҳои арзишманди илмӣ-тадқиқотиро тақозо менамояд.