Семинари илмӣ-назариявии устодони ҷавони кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

2.03.2018сол

     Семинари илмӣ-назариявии устодони ҷавони кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ тибқи нақшаи кории кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ барои соли хониши 2017-2018, ки бо суратмаҷлиси №1 аз 26 августи соли 2017 тасдиқ шудааст, 2-юми марти соли 2018 ташкил карда шуд, ки дар он муаллими калон Салихов З.И., ассистентон Қодиров Н.А., Саидов Ҳ.Х., аспирантон Абдуллозода Ёқуб ва Сайфидинова Манижа бо маърӯзаҳо гузориш доданд. Ба ҳайси муқарризон ба гузориши устодони кафедраҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ, назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ баромад карданд. Дар семинари илмӣ-назариявӣ устодони ҷавони кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ мавзӯҳои «Масоили назариявии ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоии бор: масоил ва пешниҳодҳо» (Салихов З.И.), «Одати байналмилалӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва пешниҳодҳо (Қодиров Н.А.), «Масоили минтақаҳои озоди иқтисодидар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Саидов Ҳ.Х.), «Мақоми ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ дар низоми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва пешниҳодҳо» (Абдуллозода Ёқуб) «Таъсири конструксияхои оммавӣ-ҳуқуқӣ дар танзими муносибатҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва пешниҳодҳо» (Сайфидинова Манижа ) шунида шуд.

    Дар ин ҳамоиш устодон ва аспирантони кафедраҳои тахассусии факултети ҳуқуқшиносӣ ширкат намуданд, ки семинари илмӣ-назариявиро декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Раҳмон Д.С. ифтитоҳ намуда, сипас маърӯзачиён оид ба мавзӯи матраҳшуда гузориш доданд.

    Баъди ҳар як гузориш устодон Абдуллоев П.С., Ѓаюров Ш.К., Маҳмудов И.Т., Қурбонов Қ.Б., Сулаймонов Ф.С., Сафарзода А.И. Авзалов А.Х.,Сулаймонов М., ва дигарон дар муҳокима ва пешниҳодҳо ширкат намуданд. Дар семинари илмӣ-назариявии устодони ҷавони кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ асосан мавзӯҳое матраҳ шуданд, ки гузоришдиҳандагон оид ба он татқиқоти илмӣ анҷом медиҳанд. Дар маҷмӯъ тибқи мушоҳида ва натиҷагирӣ аз семинари илмӣ-назариявӣ маълум гардид, ки устодони ширкаткунанда аз ин чорабинӣ таасуроти мусбат бардоштанд ва баргузории чунин семинарҳои илмӣ-назариявии устодони ҷавонро иқдоми нек, баҳри рушд ва такмили илмии онҳо баҳогузорӣ карданд.