Семенари илмии навбатии олимони ҷавони факултети ҳуқуқшиносӣ!

     Бо ташаббуси садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҳар охири моҳ семенари илмии олимони ҷавони факултет баргузор мегардад. Ин иқдоми пешакардаи садорати факултети ҳуқуқшиносӣ судманд буда, барои инкишофи малакаю дониши устодони ҷавон мусоидат хоҳад кард.

    Дар ин замина санаи 31-уми марти соли ҷорӣ семенари илмии  омӯзгорони ҷавони кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ бо иштироки доираи васеи омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо баргузор гардид. Мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қурбонов Қ.Б. ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, изҳори сипоси худро  ба  ҳамаи иштирокчиён барои ширкат дар кори  семенари илмӣ баён намуданд. Вобаста ба мавзӯъҳои баррасишаванда қайд намуданд, ки соҳаи нақлиёт, ҳифзи муҳити зист, истифодаи сарватҳои зеризаминӣ соҳаи муҳими хоҷагии халқ буда, рушди он яке аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият мебошад.

   Сипас, аз рӯйи барномаи семинар маърӯзаҳои устодони ҷавони кафедраи зикргардида ассистентон Қудбуддинов Ф.Ш., Қурбонализода Фурқат, Муминзода О.С., Амренова Шогуна ва Буриев А.Р. шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳои тулонӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда дар саволу ҷавоб ва музокира профессор Ѓаюров Ш.К., дотсентон Маҳмудов И.Т., Раҷабов М.Н., Сафарзода А.И., асситентони ҷавон Соҳибов М.М.,  Салихов З., Қодиров Н. ширкат варзида, таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

  Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни семенари илмӣ андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Дар умум вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди қонунгузории соҳаи нақлиёт, ҳифзи муҳити зист, истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, роҳҳои ҳаллӣ ин проблемаҳо пешниҳод шуд.

    Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои кори семенари илмӣ барои такмили низоми ҳуқуқии кишвар аз ҳар ҷиҳат муфид ва самарабахш хоҳад буд.